ДАРСИ КУШОД: “Бозор ва моҳияти он дар иқтисод”

Дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дарси кушод дар мавзӯи “Бозор ва моҳияти он” гузаронида шуд. Дарсро саромӯзгори кафедраи назарияи иқтисоди факултети иқтисод София Ақназарова барои донишҷӯёни соли дуюми шуъбаи география ва географияи иқтисоди факултети биология гузаронида, моҳияти асосии мавзӯъ баррасии бозор, хусусият ва ҳадафи мавҷудияти он, интихоби хуби маҳсулоти истеҳсолӣ – дигустатсионӣ мебошад.

Дар рафти дарс лавозимоту аёниятҳои мавҷуда, аз қабили тахтаи электронӣ, проектор, молу маҳсулоти бозорӣ, муаммоҳо (кроссвордҳо) мақсаднок истифода шуда, инчунин дарсдиҳӣ тариқи слайду наворҳои видеоӣ ва саволу ҷавоб миёни устодону донишҷӯён сурат гирифт.

Дар интиҳои дарси кушод муовинони ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, сардори Раёсати таълим, садорати факултетҳои иқтисоду биология, мудири бахши идоракунии сифати таҳсил ва дигар устодони донишгоҳ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани дарс ба саромӯзгор София Ақназарова аз номи раёсати донишгоҳ миннатдории самимӣ баён намуда, қайд доштанд, ки аз ин ба баъд чунин дарсҳо бо супориши бевоситаи ректори ДДХ, профессор Гулзорхон Юсуфзода бештар роҳандозӣ мегарданд.

“Фурӯғи Маърифат”

Search