Дарси кушод: “Ҳосил кардани маҳлулҳои коллоидҳо”

Дар лабораторияи химияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар мавзӯи “Ҳосил кардани маҳлулҳои коллоидҳо” бо иштироки роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ дарси кушоди навбатӣ аз фанни химия баргузор шуд.

Дарсро саромӯзгори кафедраи химияи умумӣ Зебинамо Каримова барои донишҷӯёни соли чоруми шуъбаи химияву биология гузаронд.

Моҳияти мавзӯъ  ва ҳосил кардани маҳлулҳои коллоидӣ дар лабораторияву соҳаи саноат бо роҳҳои гуногун барои ҳозирин равшан шуда, донишҷӯён аҳамияти маҳлулро дарк намуданд.

Дар рафти дарс лавозимоту реактивҳои химиявӣ, проектор, тахтаи сенсорӣ, асбобҳои химиявӣ ва дигар аёниятҳо боҳадаф истифода шуданд. Донишҷӯён ба моҳияти мавзӯъ пурра сарфаҳм рафта, тарзҳои ҳосил намудани маҳлулҳои коллоидиро аз худ карданд.

“ФМ”

Search