Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ - зеҳнӣ ба ифтихори РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар хобгоҳи № 2 - и донишгоҳ миёни донишҷўён мусобиқаҳои варзишию зеҳнии шашка ва шоҳмот баргузор шуданд.

Ҳадафи асосии ташкилу доир намудани мусобиқаҳо сазовор таҷлил намудани Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оммавияти варзиш миёни ҷавонон мебошад.

Дар мусобиқа зиёда аз 130 нафар муҳассилин иштирок намуда, аз рӯи натиҷаҳои даври ниҳоии мусобиқаи шоҳмотбозӣ, миёни ҷавонписарон мақоми аввалро Давроншоев Шодибек, донишҷўи соли 1-и факултети таърих ва ҳуқуқ гирифта, ҷойҳои дуюму сеюм насиби Ҷонмадов Равшан, донишҷўи курси 1-и факултети таърих ва ҳуқуқу Каримзода Усмон, донишҷўи курси 1-и факултети биология гаштанд.

Миёни ҷавондухтарон бошад мақоми аввал насиби Ҷангибекова Нигора – донишҷўи курси 2-и факултети филологияи тоҷик шуда, зинаҳои дуюму сеюмро Ҷумъабоева Фазилат донишҷўи курси якуми факултети забонҳои ҳориҷӣ ва Содиқзода Иддигул –донишҷўи курси 4-уми факултети таърих ва ҳуқуқ ишғол намуданд.

Дар даври охири шашкабозӣ Зарнилхонов Давлатназар-донишҷўи курси 4-уми факултети илмҳои табии сазовори ҷойи аввал шуда, Муалибшоев Саидоқил –донишҷўи курси 2 - и факултети таърих ва ҳуқуқ зинаи дуюм ва Элчибеков Асад- дониҷўи курси 1-уми  факултети таърих ва ҳуқуқ ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.

Миёни ҷавондухтарон бошад Ниёзмамадова Лутфия – дониҷўи курси 1-и факултети биология сазовори ҷойи якум шуда,  Исломбекова Адиба - донишҷўи курси 4-и факултети ппедагогӣ ва Қаландарбекова Шодигул зинаҳои дуюму сеюмро ба даст оварданд.

Ғолибони мусобиқа бо Ифтихорнома ва мукофотпулии ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математик, Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ қадр карда шуданд.

Дидоршоҳ Насриддинов

Search