Баррасии ҳамкориҳои илмӣ – тадқиқотӣ бо олимони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Дар лабораторияи экологияи таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев вохурии олимону кормандони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) бо роҳбарият ва устодони ДДХ баргузор гашт.

Дар рафти мулоқот устодони ДОМ - дотсент Салтанат Мамбетова, саромӯзгори илмҳои табии Мактаби илмҳои гуманитарию табиӣ Нурлан Торокелдиев бо олимони соҳаҳои биологияву кишоварзӣ ва илмҳои табии ДДХ масоили гузаронидани корҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар сатҳи омӯзиши молекулярӣ-генетикии растаниҳо, такмили ихтисосу бозомӯзии омӯзгорони донишгоҳҳо, баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои донишҷӯёну магистрҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, ки чунин ҳамкориҳои судманди донишгоҳҳо дар доираи лоиҳаи «Татбиқи навоварӣ дар системаи хизматрасонии таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талаботи ҳозиразамони бозори меҳнат» ва баҳрабардорӣ аз таҷҳизоти озмоишгоҳи экологияи таҷрибавӣ дар раванди таълиму корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ сурат гирифта истодаанд.

“ФМ”

Search