Ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш меёбанд

Чанде пеш ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода ҳайати профессорону кормандони Донишгоҳи агротехникии Қазоқистон ба номи С. Сейфуллинро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст профессор Г. Юсуфзода ҳамкоронашро баҳри ташриф овардан ба донишгоҳ хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки Донишгоҳи давлатии Хоруғ фаъолияту ҳамкории худро дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми кишвар ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи илму маориф ба роҳ монда, бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар муноситбатҳои судманд дорад.

Инчунин дар рафти суҳбат ҷонибҳо вобаста ба рушду таҳкими минбаъадаи ҳамкориҳои илмӣ – таҷрибавии донишгоҳҳо, баргузории чорабиниҳои илмӣ – амалӣ дар самти тағйирёбии иқлиму сайёра, баланд бардоштани сифати таҳсил, ноил шудан ба сатҳи баланди омодасозии донишҷўён дар доираи лоиҳаҳои “Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талаботҳои бозори меҳнат”, “Рушди таҳсилоти олӣ”, ки бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ ва Барномаи Эразмус Плюси Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегарданд, мулоқот намуданд.

Сипас ҳайати профессорону кормандони Донишгоҳи агротехникии Қазоқистон аз лабораторияҳои иноватсионии донишгоҳ дидан намуда, бо устодони донишҷӯёни ДДХ атрофи корҳои илмӣ суҳбат карданд.

«Фурӯғи Маърифат»

Search