«Конститутсия - роҳнамои давлати соҳибистиқлол»

Таҳти ҳамин унвон дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба 27- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ - амалӣ доир гашт.

Дар конференсия ректори Донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, садорату устодон ва донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ, омӯзгорони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ ва дигар муҳассилину кормандони ДДХ иштироку баромад намуданд.

Профессор Г. Юсуфзода дар ифтитоҳи расмии чорабинии илмӣ махсус қайд намуданд, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандони кишвар мебошад ва дар  заминаи он  қонун санадҳои дигаре қабул мешаванд, ки соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеро ба танзим медароранду ба рушду пешрафт ва таҳкими мамлакат бевосита мусоидат мекунанд”.

Таъкид гардид, ки халқи тоҷик бо иродаи хешу роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 26 сол муқаддам аввалин маротиба қабули бевоситаи санади азалии миллии худро амалӣ сохта, ба туфайли он таҳкурсии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро таҳким бахшид.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намудаанд: “Ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур мебаранд, ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд. Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.

Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи комёбиҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад”.

Дар конференсия н.и.ф. декани факултети таърих ва ҳуқуқ Назархудоева Л. дар мавзӯи “Конститутсия - бахтномаи миллат”,н.и.т., мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Мирзоашрапов П. оид ба “Аломатҳо ва унсурҳои давлати демократӣ дар  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Саидраҳмонов Н,  асисстенти кафедраи таърихи халқи тоҷик вобаста ба “Конститутсияи миллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ” ва Қобилова А., магистранти соли якуми факултети  таърих ва ҳуқуқ перомуни “Ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон ва инъикоси он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳоро ироа намуданд.

Дар интиҳо устодону донишҷӯён фикру ақидаҳои хешро оид ба таъриху пайдоиш ва нақши Конститутсия дар ҳаёти халқ баён намуданд.

“Фурӯғи Маърифат”

Search