КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамкорону шогирдон ва ҳамдиёрони азиз!

Конститутсияи кишвар бахтномаи миллат буда, дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гашт. Ин руйдоди сиёсӣ дар таърихи давлатдории ҷумҳуриамон бениҳоят муҳим мебошад ва маҳз тавассути ин шаҳодатномаи миллат ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кафолат дода мешавад.

Дар воқеъ маҳз Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ, якпорчагии мамлакат тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзии он, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дод ва халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Гузашти солҳо ҳар қадар моро аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дур мебарад, дурустии интихоби роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамон қадар возеҳу аён мегардад. Мо дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст”.

Вазифаи шаҳрвандии мо аст, ки конститутсияро мӯшикофона омӯхта, дар заминаи он мавқеи худро дар ҷомеаи муосир мустаҳкам нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, Конститутсияи мо кафили ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб рафта, дар  заминаи он  қонун санадҳои дигаре қабул мешаванд, ки соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва сохтору фаъолияти давлатиро танзим менамоянду ба пешрафти устувори мамлакат заминаи воқеӣ мегузоранд.

Рӯзи Конститутсияро барои аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва ҳамкорону ҳамватанон табрик гуфта, дар хонадони ҳар фарди мамлакат сиҳатмандӣ, сулҳу субот, хушбахтӣ ва файзу баракат орзумандам.

Рӯзи Конститутсия муборак!

Search