Машварати ректорати Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Якуми ноябри соли 2021 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода машварати ректорати донишгоҳ баргузор гашт.

Дар кори машварат муовинони ректор, сардорони раёсатҳои таълиму кор бо кадрҳо ва корҳои махсус, олимону устодон, деканҳои факултетҳо, мудирону масъулини кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон ва дигар сохторҳои донишгоҳ иштирок карданд.

Нахуст оид ба татбиқи Дастурамали Вазорати маориф ва илми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи либоси тавсиявии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ” дар факултетҳои донишгоҳ ахбороти муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ниёзалӣ Қамбаров ва вобаста ба фаъолияти садорати факултетҳои биологияву иқтисод ҷиҳати аз курс ба курс гузаронии донишҷӯёну ба танзим даровардани парвандаҳои шахсии онҳо маълумоти мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот Дилдорбек Вафобеков шунида шуд.

Дар ин зимн, профессор Г. Юзуфзода ба садорати факултетҳо, муовинони деканҳо ва дигар омӯгорону кормандони донишгоҳ супориш дод, ки нисбати вазифа, кору фаъолияти худ бояд аз аввала бештар ҷиддӣ бошанду муҳассилине, ки талаботи дастурамали болозикрро риоя накарда, бе сабабҳои узрнок ба дарсҳо ҳозир намешаванд, нисбаташон тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Ҳамзамон, роҳбари донишгоҳ дастур дод, ки навбатдорони факултетҳои донишгоҳро мебояд, ки сари вақт дар ҷойи навбатдорӣ ҳозир шуда, якҷоя бо масъулини факултетҳо иҷрои ҳамаи талаботи дастурамалро дида бароянд.

Дар идомаи машварат муовини ректор оид ба иқтисод Б. Бахтиёров перомуни масъалаи омодагии донишгоҳ ба зимистонгузаронӣ, муовини ректор оид ба таълим М. Алимшоев оид ба риояи интизоми меҳнат ва иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ахбороти муфассал доданд.

Таъкид гардид, масъалаи қарздории донишҷӯён дар факултетҳои донишгоҳ ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфта, дар ин самт ҳуқшиноси донишгоҳро мебояд, то дар мувофиқа бо ниҳодҳои марбутаи давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

Зимни таҳлили амиқи масоили болозикр ректори донишгоҳ аз масъулин даъват ба амал овард, ки ҳамаи супоришҳоро ҳарчи зудтару сифатнок ва бенуксон иҷро карда, баҳри рафъи камбудиҳо чорҳои судманду воқеӣ андешанд.

Дар поёни машварат як қатор масъалаҳои дахлдор қабул шуданд.

«Фурӯғи Маърифат»

Search