Ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ

29 октябри соли 2021 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода ҷаласаи Шурои олимони донишгоҳ доир гашт.

Дар ҷаласа ҳайати профессорону устодони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандаров, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбеков, муовинони ректори донишгоҳ, деканҳои факултетҳову мудирони кафедраҳои умумии ДДХ ва дигар аъзоёни шуро иштирок намуданд.

Нахуст оид ба рафти "Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида аз ҷониби Комиссияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини ректор оид ба таълим Мамадризо Алимшоев ва вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат" муовинони ректор оид ба тарбия, илм ва инноватсия Ниёзалӣ Қамбаров ва Таҳмина Содатқадамова маълумот доданд.

Дар ин асно профессор Гулзорхон Юсуфзода ба масъулин супориши қатъӣ дод, ки ҷиҳати таҳкими масоили тарбиявӣ, саривақт ба дарс ҳозир шудани донишҷӯён, риояи либоси тавсиявӣ, тартибу низоми корӣ аз тарафи кормандони донишгоҳ ва навбатдорӣ дар сатҳи факултетҳо тадбирҳои мунтазам андешанд. Инчунин, вобаста ба таҳияву нашри мақолаҳои илмӣ аз фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ бояд корҳои иловагӣ пиёда карда шаванд.

Дар идомаи ҷаласа оид ба натиҷаи Лоиҳаи "Таъсиси маркази илмӣ - тадқиқотӣ барои донишҷӯёни факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ" Афзона Мамадаёзова, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, перомуни таҳияву татбиқи курси «Тафаккури интиқодӣ» Аселя Қаламфурова, мутахассиси шуъбаи ҳамоҳангсозӣ бо барномаҳо, лоиҳаҳо ва грантҳо дар соҳаи маорифи кишвар тариқи слайдҳо маълумоти зарурӣ пешниҳод карданд.

Ректори донишгоҳ Г. Юсуфзода ҷиҳати татбиқи боҳадафи лоиҳаҳои мавҷуда дар донишгоҳ, рушди ҳамкориҳои судманди ДДХ бо дигар донишгоҳҳои кишвару берун аз он, тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони рушдро муҳим арзёбӣ намуда, аз он хотир изҳори қаноатмандӣ кард, ки қисми робитаҳои хориҷии донишгоҳ ҳамаи кору фаъолиятҳои барзиммадоштаро бомаром иҷро менамояд. Аз ин рӯ, лозим аст, ки ба амалисозии лоиҳаҳо донишҷӯёну муҳассилин ва ҷавонон бештар ҷалб гарданд. Сипас масъалаҳои дахлдори Шурои олимон қабул гардиданд.

"Фурӯғи Маърифат"

Search