Қадрдонӣ аз ғолибони "Илм - фурӯғи маърифат"

Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки омӯзгору муҳассилини донишгоҳ мебошанд, бо ифтихорномаю мукофотпулӣ қадрдонӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бевосита таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола баргузор мегардад.

Озмун бо ҳадафи рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун доир мешавад.

Search