ТАМРИНИ СИТОДИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ

Субҳи имрӯз, 29 октябри соли 2021, соати 6:30 бо фармони сардори мудофиаи граждании Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев - ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии низоми ягонаи донишгоҳ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти таббиӣ – техногенӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои он тамрини ситоди мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

Аъзоёни ситоди мудофиаи гражданӣ бо бонги эълони «Ҷамъшавӣ» ҳозир шуда, навбатдори нуқтаи идоракунии алоқа, хабардоркунии донишгоҳ аз сардори мудофиаи граждании донишгоҳ фармон барои хабардор намудани ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии низоми ягонаи донишгоҳро гирифт.

Кормандони донишгоҳ, ки дар рухсатии асосӣ, сафари хизматӣ ва рухсатии беморӣ буданд, ба тамрини ситодии мудофиаи гражданӣ ҷалб нашуданд. Яъне ҷамъшавии барои ҳайати шахсии донишгоҳ, ки дар дохили шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқомат доранд, дар  як соат ва берун аз шаҳр истиқоматдошта як соату 30 дақиқа муқарар гардидааст.То соати 7 : 30 дақиқа аз тарафи сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании донишгоҳ ҳозирғоиби ҳайати шахсӣ гузаронида шуд.

Тафтишот нишон дод, ки ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳ, сардорию фармондеҳӣ ва ҳайати шахсии нерўҳои ғайриҳарбии донишгоҳ мувофиқи рўихат пешаккӣ таҳияшуда ҳозир гардиданд.

Ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии низоми ягонаи донишгоҳ сардорию фармондеҳӣ ва ҳайати шахсии нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании донишгоҳ дар толори китобхона ҷамъ омада, нахуст оид ба омодабошӣ дар назди Сардори мудофиаи гражданӣ Г. Юсуфзода  муовини сардор – ҷонишини ректор оид ба таълим Мамадризо Алимшоев гузориш дод.

Сипас ба сардорони фармондеҳии нерўҳои ғайриҳарбӣ ва ёварони сардори ситод ўҳдадориҳои вазифавии онҳо равшан шуда, оид ба иҷрои ин вазифаҳо аз тарафи сардори мудофиаи граждании донишгоҳ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Нақшаи мудофиаи гражданӣ ва нақшаи пешгирӣ ва рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ доштаи донишгоҳ тасҳеҳ гардид. Аз тарафи сардори мудофиаи граждании донишгоҳ вазъияти ба амал омада бо ҳайати роҳбарикунанда қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳ, сардорию фармондеҳӣ, ҳайати шахсии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, ҳайати комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, эвакуатсионӣ ва устуворгардонӣ расонида шуд.

Ҳадафҳои асосии гузаронидани тамрини ситодӣ ин такмил додани малакаи таҷрибавии ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳ сардорию фармондеҳӣ дар идоракунии ҳайати шахсии нерўҳои ғайрихарбии МГ ҳангоми бартарафкунии оқибати ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

“Фурӯғи Маърифат”

Search