Баррасии масоили таҷрибаомӯзию илмии магистрантон

Имрӯз, 28 октябри соли 2021, дар толори хониши донишгоҳ дар асоси барномаи кории шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогӣ бо иштироки магистрантони курсҳои аввал дуюми донишгоҳ оид ба масъалаҳои иҷроиши нақшаҳои инфиродӣ, таҷрибаомӯзии магистрантон, вазъи иҷроиши рисолаҳои магистрӣ, баррасиву пешниҳоди мақолаҳои илмӣ ва гузаронидани ҷаласаҳои пеш аз дифо дар кафедраҳову рафти имтиҳонсупорӣ ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласаро мудири шуъба, дотсент Р. Шофақирова ҳусни ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба масъалаҳои марбута ибрози андеша намуд. Номбура асосан масоили шартҳои асосии гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, тарзи пур намудани рӯзномаи таҷрибаомӯзӣ, пешниҳод намудани ҳисоботу баррасии он дар ҷаласаи васеи кафедраҳо, назорати роҳбарони илмӣ ва мудирони кафедраҳо аз рафти таҷрибаомӯзӣ ва ҷараёни имтиҳонсупориро бо ҷамъомадагон мавриди таҳлил қарор дод.

Инчунин, байни магистрантону мудирони кафедраҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии ДДХ

 

Search