Дарси кушод: “Мантиқ ва маҷмӯъ”

Дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки садорату ҳайати омӯзгорони факултет ва донишҷӯёни соли чоруми гурӯҳи “Информатика” дар мавзӯи “Мантиқ ва маҷмӯъ” дарси кушоди намунавӣ доир гашт.

Дарсдиҳанда муаллими калони кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Зокир Шомуродов бо истифода аз аёниятҳои мавҷуда паҳлӯҳои асосии мавзӯъро ба донишҷӯён расонида, дар рафти дарс муҳассилин тариқи саволу ҷавоб вобаста ба “Назарияи маҷмӯъҳо” низ маълумоти иловагӣ гирифтанд.

Search