НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ

12 июли соли равон бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода, муовинони ректор ва дигар сохторҳои маориф ва илми  Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон нишасти матуботӣ баргузор гашт.

Дар нишаст хабарнигорони нашрияҳои “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Бадахшон”, “Оинаи Зиндагӣ”, Радиои “Тоҷикистон”, Телевизиони “Бадахшон” (ТВБ) ва Радиои “Бадахшон” перомуни кору фаъолияти донишгоҳ ба ректори он, Г. Юсуфзода саволҳои гуногун дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар рафти нишасти хабарӣ профессор Гулзорхон Юсуфзода қайд намуд, ки ҳоло донишгоҳ дорои ҳашт факултет буда, дар шуъбаи рӯзонаи он аз рӯи 58 ихтисос, 36 ихтисоси омӯзгорӣ ва 22 ихтисоси соҳавӣ, дар шуъбаи ғоибона бошад аз рӯи 17 ихтисос — 8 ихтисоси омӯзгорӣ ва 9 соҳавӣ мутахассисони дорои маълумоти олии зинаи бакалавр, мутахассис ва магистрро тайёр мекунад.

Дар донишгоҳ 344 нафар омӯзгорон, 212 нафар кормандони ёрирасон, техникӣ ва хоҷагӣ ба фаъолият ва корҳои илмию омӯзгорӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 556 нафар кормандон дар донишгоҳ фаъолият мекунанд. Айни ҳол 14 нафар доктори илм, 57 нафар номзади илму дотсент, 129 муаллими калон, 161 ассистент дар донишгоҳ кору фаъолият менамоянд.

Аз ин теъдод, як нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи медали ба номи Академик Н. И. Вавилови Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Русия дар соҳаи генетика ва селексияи растаниҳо, се нафар дорандагони Ҷоизаи Президентӣ дар соҳаи маориф, ду нафар барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, 53 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафт нафар Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, се нафар Аълочии матбуот буда, 13 нафари дигар бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гаштанд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони 20 кафедраи донишгоҳ феълан аз рўи 13 самт, бо зиёда аз 60 мавзўи илмӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотиро анҷом дода, ду мавзӯи фармоишӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, кор мекунанд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2021 дар донишгоҳ як нафар омўзгори донишгоҳ рисолаи докторӣ ва се нафари дигар рисолаҳои номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

 Аз тарафи омўзгорони донишгоҳ чор монография, шаш дастури методӣ ва инчунин 312 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ба табъ расиданд.

Омўзгорон ва донишҷўёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фуруғи маърифат” ва “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст... иштирок намуда, 16 нафари онҳо дар озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ...ва 20 нафари онҳо дар озмуни “Илм-фуруғи маърифат” ба даври сеюми вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷўёни донишгоҳ дар олимпиадаю озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯёни факулети биологияи донишгоҳ дар Олимпиадаи минтақавии донишҷӯён бо унвони «Ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» иштирок намуда, ҷойҳои якуму сеюмро ишғол намуданд. Донишҷўи факултети математикаи донишгоҳ Муносибшоев Муяссар бошад дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” аз руйи самти технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Мавриди зикр аст, ки донишҷуёни донишгоҳ пайваста дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён ифтихориро соҳиб гаштанд. Имсол дар олимпиадаи ҷумҳуривии донишҷӯён як нафар донишҷӯ ДДХ сазовори ҷойи якуму ду нафар ҷойи дуюм гирифта, як нафари дигар зинаи ифтихориро соҳиб шуд.

Фаъолияти таълимӣ дар донишгоҳ аз рӯи барномаву нақшаҳои таълимии ихтисосҳо, ки дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, роҳандозӣ мегардад. Рафти иҷрои нақшаҳои таълимӣ мунтазам аз тарафи Раёсати донишгоҳ ва Шуъбаи таълим назорат карда мешавад.

Давоми шаш моҳи соли 2021 дар ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ пайваста дарсҳои кушоду намунавӣ ташкил ва баргузор гашта, ин иқдом барои баланд бардоштани маҳорати педагогии омўзгорони ҷавон бешубҳа мусоидат менамояд. Аз тарафи Шўрои илмӣ-методии донишгоҳ, гурўҳи мониторинги сифати таълиму рафти дарси муаллимони ҷавон таҳлилу тафтиш гашта, ба онҳо сари вақт ёрии методӣ расонида мешавад.

Соли 2021 дар зинаҳои таҳсилоти олии бакалавр, мутахассис ва магистр 3 872 нафар донишҷўй ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин 2570 нафар дар шуъбаи рўзона, 1173 нафар дар шуъбаи ғоибона, 118 нафар дар шуъбаи магистратура ва 11 нафар докторантураи PhD

мебошанд. Тибқи квотаи Президентӣ дар донишгоҳ 354 нафар таҳсил карда, аз онҳо 160 нафар ҷавондухтарон мебошанд.

Ба таъкиди ректори донишгоҳ яке аз марҳилаҳои муҳими фаъолияти таълимии донишгоҳ ин гузаронидани санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷорӣ мебошад. Дар сессияи тобистона ҳамагӣ 2517 нафар донишҷўёни курсҳои аз 1 то 4 – и ДДХ ба имтиҳонҳо роҳ дода шуданд. Яъне аз 2517 нафар донишҷўёни ба имтиҳонҳо роҳдодашуда 2117 нафарашон аз ҳамаи имтиҳонҳо баҳои мусбат гирифтанд, ки ин 84,1 %-и азхудкуниро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, 136 нафар ё худ 6,42 % бо баҳои «аъло», 766 нафар ё худ 36,18% бо баҳои «хубу аъло», 240 нафар ё худ 11,33% бо баҳои «хуб», 944 нафар ё худ 44,59% бо баҳои «омехта» ва 31 нафар ё худ 1,46% бо баҳои «миёна» имтиҳонҳоро супориданд.

Соли равон ҳамагӣ 887 нафар донишҷў донишгоҳро хатм намуда, аз ин теъдод 524 нафар ҷавондухтарон мебошанд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон, 522 нафар таҳсили рўзона, 218 нафар ғоибона, 85 нафар фосилавӣ ва 62 нафар зинаи магистратураро ба итмом расониданд.

Аз ин шумора зинаи таҳсилоти бакалавр 607 нафар, 218 нафар мутахассис ва 62 нафар магистратураро ташкил медиҳад. Аз 887 нафар хатмкунанда, 5 нафар соҳиби дипломи аъло гардида, 69 нафар донишгоҳро тибқи квотаи Президентӣ хатм намудаанд. Аз шумораи хатмкунандагон ихтисосҳои омўзгориро 597 нафар ва соҳавиро 290 нафар тамом карданд.

Хушбахтона, дар соли 2021 чор ихтисоси нав аз қабили “журналист-тарҷумон”, “ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷатии идора”, “таъминоти  ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна, иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ” бо замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолият ворид карда шуд. Қабули довталабон ба донишгоҳ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон сурат гирифта, дар ин давра донишгоҳро зиёда аз 4746 нафар интихоб намуданд.

Фонди умуии китобхонаи марказии донишгоҳро зиёда аз 93156 нусха ташкил дода, аз ин миқдор 21022 нусха китобҳои методӣ, 52190 китобҳои тахассусӣ, 19944 нусха китобҳои бадеӣ мебошанд.

Муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ бо мамлакатҳои хориҷӣ мустаҳкам буда, хатмкардагони донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Руссия, Англия, ИМА, Олмон ва дигар давлатҳо таҳсилро идома дода, соҳиби дараҷаи номзади илм, доктори илм ва магистр гардидаанд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2021 донишгоҳ бо панҷ лоиҳаи Эрасмус + кор карда, ҳоло ҳамкорӣ тариқӣ се лоиҳаи (HiEdTec) «Модернизатсиякунонии системаи мактабҳои олӣ дар Осиёи Миёна бо истифодаи техника ва технологияи муосир», (UNICAC) «Ҳамкории донишгоҳҳо дар соҳаи интиқоли дониш дар Осиеи Марказӣ ва Чин» ва (TRIGGER) «Ташаккули равишҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷўён тавассути фароҳам овардани шароит барои шуғли хатмкунандагон дар Осиёи Марказӣ» идома дорад.

Ду лоиҳаи дигар, ки тариқи ҳаракати кредитӣ (кредитная мобильность) аз моҳи сентябр соли равон (бо сабаби хуруҷи касалии пандемия СOVID-19) ба кори худ шуруъ мекунанд. Инчунин, се лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дар факултетҳои табиӣ-илмӣ, иқтисод ва математика татбиқ мегарданд.

Дар факултети илмҳои табиӣ чор лаборатория ва як китобхонаи электронӣ таҷҳизонида шуда, бар замми ин, барномаи махсус барои устодони кафедраи фанҳои муҳандисӣ (сертифицированная программа) аз моҳи сентябри соли 2021 оғоз мешавад.

Ғайр аз ин, курсҳои омўзиши забони англисӣ барои 25 нафар омўзгорони факултетҳои математика ва иқтисод аз тарафи донишгоҳ бо ҷалби омўзгорони амрикоӣ ташкил гардид. Ҳамзамон донишгоҳ аз рўи барномаи Рушди таҳсилоти олӣ, лоиҳаи «Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талабатҳои бозори меҳнат», ки тарафи Бонки умумиҷаҳони маблағгузорӣ карда мешавад, фаъолиятро пеш мебарад.

Дар қисмати саволу ҷавоб ба пурсиши хабарнигори нашрияи “Омӯзгор” Ҷонибеки Қозибек, ки оё Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) дар самти таълиму тарбия имкон дорад, то ягон МТМУ – ро дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ таҳти сарпарастӣ қарор гирад, зеро ин таҷриба ҷиҳати тақвияти таълиму тарбия дар давраи собиқ Шӯравӣ натиҷаи дилхоҳ дода буд?

Посухи Г. Юсуфзода, ректори ДДХ:

- Дар ҳолати ҳозира бо дарназардошти кофӣ набудани имкониятҳои моддию маблағии донишгоҳ татбиқи иқдоми болозикр имкон надорад. Аммо дар оянда метавон дар ин росто тадбирҳои ҷиддиро ба кор андохт.

Хабарнигори “Телевизони Бадахшон” Наҷиба Раҳимова:

-Тайи чанд сол аст, ки дар бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики ДДХ муҳассилин ва хатмкунандагон аз баргузории дарсҳои амалӣ пурра қаноатманд набуда, шояд танқисӣ кашидан аз надоштани асбобу лавозимоти техникӣ – иттилоотӣ яке аз монеаҳои рушди бахш бошад?

Посухи Г. Юсуфзода, ректори ДДХ:

- Албатта, аз рӯзи аввали фаъолияти хеш ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳоло утоқи алоҳида барои бахши рӯзноманигории факултет ҷудо шудааст. Ҳоло барои таҳкими ин самт баъзе маводҳо алакай дастрас гардиданд ва ҳамаи талошҳоро бар он равона месозем, то аз моҳи сентябри соли равон утоқ пурра аз таҷҳизоти зарурӣ таъмин шаваду дарсҳои амалӣ низ мувофиқи мақсад ба роҳ монда шаванд.

Хабарнигори рӯзномаи “Оинаи Зиндагӣ” Сафия Давлатназарова:

- Тавре қайд намудед, ки дар донишгоҳ имсол чор ихтисоси нав ифтитоҳ ёфтанду ихтисоси “журналист-тарҷумон” яке аз онҳост. Дар ин самт муҳассилин ба кадом забони хориҷӣ бештар дастрасӣ пайдо мекунанд?

Посухи муовини ректори ДДХ оид ба таълим Мамадризо Алимшоев

- Дар ин замина, ғайр аз чор ихтисоси болозикр боз ду ихтисоси дигар, аз қабили “заминсозӣ” ва “шуъбаи фосилавии химия ва биология” дар донишгоҳ кушода шуданд.

Имсол аз рӯи ихтисоси “журналист-тарҷумон” тариқи забони англисӣ мутахассисонро омода менамоем, зеро дар ин самт омӯзгорон дорему талаботи замон ҳам чунин аст.

Хабарнигори рӯзномаи “Бадахшон” Некбахти Ҷамшедӣ:

- Чаро мӯҳлати таҷрибаомӯзии донишҷӯён тамдид карда намешавад, оё дар мӯҳлати 7 – 10 рӯз муҳассилин имконият доранд, ки нозукиҳои касби интихобнамударо аз худ намоянд?

Посухи Г. Юсуфзода, ректори ДДХ:

- Саволи бамаврид аст. Албатта, таҷрибаомӯзӣ дар асоси нақшаи самти таълим сурат мегирад ва онро кам ё зиёд карда наметавонем, зеро он дар худи Вазорати маориф ва илми кишвар тасдиқ мегардад.

Хабарнигори “Ҷавонони Тоҷикистон” М. Имомназаров:

- Оё имконият аст, ки дар пояи донишгоҳ факултети ҳуқуқшиносӣ ташкил карда шавад? Зеро солҳои охир дар ин самт дар сатҳи вилоят монеаҳои ҷиддӣ мавҷуданд.

Посухи муовини ректори ДДХ оид ба таълим Мамадризо Алимшоев:

- Феълан дар донишгоҳ дар самти ҳуқуқшиносӣ номзади илму доктори илм надорем. Вале дар ин ҷода омӯзори факултети таъриҳ ва ҳуқуқи ДДХ Кифоят Алиназарова дар ояндаи наздик рисолаи номзадиро ҳимоя хоҳад кард ва дар мавриди пешниҳоди мутахассиси соҳа албатта мо дастрасӣ дорем.

Search