ҲИСОБОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ БА НОМИ МОЁНШО НАЗАРШОЕВ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода оид ба фаъолияти донишгоҳ дар шаш моҳи соли 2021

Ҳозирини гиромӣ,

устодону ҳамкорони азиз!

Ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асоси мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар, суханронии Президенти мамлакат дар Рўзи дониш, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кору фаъолиятро ба роҳ монда, дар шаш моҳи соли 2021 ба комёбиҳои назаррас ноил гаштанд.

Ҳоло донишгоҳ дорои ҳашт факултет буда, дар шуъбаи рӯзонаи он аз рӯи 58 ихтисос — 36 ихтисоси омӯзгорӣ ва 22 ихтисоси соҳавӣ, дар шуъбаи ғоибона бошад аз рӯи 17 ихтисос — 8 ихтисоси омӯзгорӣ ва 9 ихтисоси соҳавӣ мутахассисони дорои маълумоти олии зинаи бакалавр, мутахассис ва магистрро тайёр мекунад.

Муҳассилин дар кафедраҳои “Таҳлили математикӣ”, “Таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ”, “Тарбияи ҷисмонӣ”, “Забонҳои шарқ”, “Забони тоҷикӣ”, “Адабиёт ва санъат”, “Биоэкология ва туризм”, “Биологияи умумӣ”, “Фанҳои табиӣ-илмӣ”, “Назарияи иқтисод”, “Менеҷмент ва маркетинг”, “Таърихи умумӣ”, “Таърихи халқи тоҷик”, “Забонҳои хориҷӣ”, “Филологияи англис”, “Забон ва адабиёти рус”, “Фалсафа ва сиёсатшиносӣ”,“Педагогикаи равоншиносӣ”, “Методикаи таълими ибтидоӣ”, “Фанҳои муҳандисӣ” ҳаматарфа ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Дар донишгоҳ 344 нафар омӯзгорон, 212 нафар кормандони ёрирасон, техникӣ ва хоҷагӣ ба фаъолият ва корҳои илмию омӯзгорӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 556 нафар кормандон дар донишгоҳ фаъолият мекунанд. Айни ҳол 14 нафар доктори илм, 57 нафар номзади илму дотсент, 129 муаллими калон, 161 ассистент дар донишгоҳ кору фаъолият менамоянд.

Аз ин теъдод, як нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи медали ба номи Академик Н. И. Вавилови Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Русия дар соҳаи генетика ва селексияи растаниҳо, се нафар дорандагони Ҷоизаи Президентӣ дар соҳаи маориф, ду нафар барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, 53 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафт нафар Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, се нафар Аълочии матбуот буда, 13 нафари дигар бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гаштанд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони 20 кафедраи донишгоҳ феълан аз рўи 13 самт, бо зиёда аз 60 мавзўи илмӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотиро анҷом дода, ду мавзӯи фармоишӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, кор мекунанд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2021 дар донишгоҳ як нафар омўзгори донишгоҳ рисолаи докторӣ ва се нафари дигар рисолаҳои номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

 Аз тарафи омўзгорони донишгоҳ чор монография, шаш дастури методӣ ва инчунин 312 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ба табъ расиданд.

Омўзгорон ва донишҷўёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фуруғи маърифат” ва “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст... иштирок намуда, 16 нафари онҳо дар озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ...ва 20 нафари онҳо дар озмуни “Илм-фуруғи маърифат” ба даври сеюми вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷўёни донишгоҳ дар олимпиадаю озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯёни факулети биологияи донишгоҳ дар Олимпиадаи минтақавии донишҷӯён бо унвони «Ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» иштирок намуда, ҷойҳои якуму сеюмро ишғол намуданд. Донишҷўи факултети математикаи донишгоҳ Муносибшоев Муяссар бошад дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” аз руйи самти технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Мавриди зикр аст, ки донишҷуёни донишгоҳ пайваста дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштанд. Имсол дар олимпиадаи ҷумҳуривии донишҷӯён як нафар донишҷӯ ДДХ сазовори ҷойи якуму ду нафар ҷойи дуюм гирифта, як нафари дигар зинаи ифтихориро соҳиб шуд.

Фаъолияти таълимӣ дар донишгоҳ аз рӯи барномаву нақшаҳои таълимии ихтисосҳо, ки дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, роҳандозӣ мегардад. Рафти иҷрои нақшаҳои таълимӣ мунтазам аз тарафи Раёсати донишгоҳ ва Шуъбаи таълим назорат карда мешавад.

Давоми шаш моҳи соли 2021 дар ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ пайваста дарсҳои кушоду намунавӣ ташкил ва баргузор гашта, ин иқдом барои баланд бардоштани маҳорати педагогии омўзгорони ҷавон бешубҳа мусоидат менамояд. Аз тарафи Шўрои илмӣ-методии донишгоҳ, гурўҳи мониторинги сифати таълиму рафти дарси муаллимони ҷавон таҳлилу тафтиш гашта, ба онҳо сари вақт ёрии методӣ расонида мешавад.

Соли 2021 дар зинаҳои таҳсилоти олии бакалавр, мутахассис ва магистр 3 872 нафар донишҷўй ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин 2570 нафар дар шуъбаи рўзона, 1173 нафар дар шуъбаи ғоибона, 118 нафар дар шуъбаи магистратура ва 11 нафар докторантураи PhD

мебошанд. Тибқи квотаи Президентӣ дар донишгоҳ 354 нафар таҳсил карда, аз онҳо 160 нафар ҷавондухтарон мебошанд.

 Ҳамкорони арҷманд!

Яке аз марҳилаҳои муҳими фаъолияти таълимии донишгоҳ ин гузаронидани санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷорӣ мебошад. Дар сессияи тобистона ҳамагӣ 2517 нафар донишҷўёни курсҳои аз 1 то 4 – и ДДХ ба имтиҳонҳо роҳ дода шуданд. Яъне аз 2517 нафар донишҷўёни ба имтиҳонҳо роҳдодашуда 2117 нафарашон аз ҳамаи имтиҳонҳо баҳои мусбат гирифтанд, ки ин 84,1 %-и азхудкуниро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, 136 нафар ё худ 6,42 % бо баҳои «аъло», 766 нафар ё худ 36,18% бо баҳои «хубу аъло», 240 нафар ё худ 11,33% бо баҳои «хуб», 944 нафар ё худ 44,59% бо баҳои «омехта» ва 31 нафар ё худ 1,46% бо баҳои «миёна» имтиҳонҳоро супориданд.

Соли равон ҳамагӣ 887 нафар донишҷў донишгоҳро хатм намуда, аз ин теъдод 524 нафар ҷавондухтарон мебошанд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон, 522 нафар таҳсили рўзона, 218 нафар ғоибона, 85 нафар фосилавӣ ва 62 нафар зинаи магистратураро ба итмом расониданд.

Аз ин шумора зинаи таҳсилоти бакалавр 607 нафар, 218 нафар мутахассис ва 62 нафар магистратураро ташкил медиҳад. Аз 887 нафар хатмкунанда, 5 нафар соҳиби дипломи аъло гардида, 69 нафар донишгоҳро тибқи квотаи Президентӣ хатм намудаанд. Аз шумораи хатмкунандагон ихтисосҳои омўзгориро 597 нафар ва соҳавиро 290 нафар тамом карданд.

Хушбахтона, дар соли 2021 чор ихтисоси нав аз қабили “журналист-тарҷумон”, “ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷатии идора”, “таъминоти  ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна, иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ” бо замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолият ворид карда шуд. Қабули довталабон ба донишгоҳ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон сурат гирифта, дар ин давра донишгоҳро зиёда аз 4746 нафар интихоб намуданд.

Бо мақсади тарбияи ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон, тарбияи ахлоқӣ ва эстетикӣ, тақияти касбӣ, иқтисодӣ, экологӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, ҷисмонӣ ва варзиш, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, худкушиву бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ дар донишгоҳ пайваста сўҳбату вохўриҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Дар маҷмӯъ дар шаш моҳи аввали соли соли 2021 дар донишгоҳ 36  вохӯрӣ, шаш мизи муддавар, чор аксия, 15 баромадҳои телевизионӣ ва 12 маротиба конфренсияҳо вобаста ба мавзӯҳои болозикр гузаштанд.

Пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ низ сол аз сол таҳким ёфта, ҳайни ҳол дар донишгоҳ 6 синфхонаи компютерӣ, 2 маркази тестӣ, 2 маркази инноватсионӣ, як маркази илмӣ - фарҳангии Ҳиндустон ва як кабинети лингофонӣ, 6 лабораторияҳои таълимӣ бо 443 адад компютер, 115 адад принтер, 14 адад тахтаи электронӣ, 3 адад нусхабардор, 13 адад сканер, 35 проектор ва барномаи My Test X-pro барои тақсимбандии саволномаҳои тестӣ бо ҳамаи таҷҳизоти корӣ дар хизмати устодону донишҷӯён қарор доранд.

Фонди умуии китобхонаи марказии донишгоҳро зиёда аз 93156 нусха ташкил дода, аз ин миқдор 21022 нусха китобҳои методӣ, 52190 китобҳои тахассусӣ, 19944 нусха китобҳои бадеӣ мебошанд.

Албатта, ғанӣ гардидани базаи моддии китобхонаҳои ДДХ бомаром идома дорад, зеро хариду қабули китобҳо дар китобхона мунтазам зиёд шуда истодааст. Китобхонаи донишгоҳ дорои толори хониш буда, он дорои 120 ҷои нишаст аст. Аъзои умумии китобхонаро то ба имрӯз зиёда аз 2000 нафар ташкил медиҳад. Дар китобхонаи электронии донишгоҳ зиёда аз 137 ҳазор нусха китоб ҷамъ оварда шуда, барои хизматрасонӣ ба хонандагон 32 ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Ҳол барои хизматрасонӣ ба хонандагон 32 адад компютер насб гардида, ҳамаи онҳо ба шабакаи интернет пайваст шуда, омодаи кор мебошанд.

Муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ бо мамлакатҳои хориҷӣ мустаҳкам буда, хатмкардагони донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Руссия, Англия, ИМА, Олмон ва дигар давлатҳо таҳсилро идома дода, соҳиби дараҷаи номзади илм, доктори илм ва магистр гардидаанд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2021 донишгоҳ бо панҷ лоиҳаи Эрасмус + кор карда, феълан ҳамкории судманд тариқӣ се лоиҳаи ба тариқи зайл зикршуда идома дорад:

  • Лоиҳаи (HiEdTec) «Модернизатсиякунонии системаи мактабҳои олӣ дар Осиёи Миёна бо истифодаи техника ва технологияи муосир»;
  • Лоиҳаи (UNICAC) «Ҳамкории донишгоҳҳо дар соҳаи интиқоли дониш дар Осиеи Марказӣ ва Чин»;
  • Лоиҳаи (TRIGGER) «Ташаккули равишҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷўён тавассути фароҳам овардани шароит барои шуғли хатмкунандагон дар Осиёи Марказӣ».

Ду лоиҳаи дигар, ки тариқи ҳаракати кредитӣ (кредитная мобильность) аз моҳи сентябр соли равон (бо сабаби хуруҷи касалии пандемия СOVID-19) ба кори худ шуруъ мекунанд. Инчунин, се лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дар факултетҳои табиӣ-илмӣ, иқтисод ва математика татбиқ мегарданд.

Дар факултети илмҳои табиӣ чор лаборатория ва як китобхонаи электронӣ таҷҳизонида шуда, бар замми ин, барномаи махсус барои устодони кафедраи фанҳои муҳандисӣ (сертифицированная программа) аз моҳи сентябри соли 2021 оғоз мешавад.

Ғайр аз ин, курсҳои омўзиши забони англисӣ барои 25 нафар омўзгорони факултетҳои математика ва иқтисод аз тарафи донишгоҳ бо ҷалби омўзгорони амрикоӣ ташкил гардид. Ҳамзамон донишгоҳ аз рўи барномаи Рушди таҳсилоти олӣ, лоиҳаи «Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талабатҳои бозори меҳнат», ки тарафи Бонки умумиҷаҳони маблағгузорӣ карда мешавад, фаъолиятро пеш мебарад.

Воқеан Раёсати донишгоҳ аз он миннатпазиранд, ки ба мавқеи ҷуғрофӣ нигоҳ накарда, Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ қарор гирифта, дар ҳалли ҳамаи масоили ба миён омада, дастгирӣ мегардад. Аҳли донишгоҳ аз ин дастгириҳои самимона беҳад миннатдоранд ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳамаи ғайратҳоро ба харҷ дода, дар пешрафту илму маърифат ва маънавиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар хотима мехостам бо тақвияти суханони пурмӯҳтавои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳисоботи шашмоҳаро ҷамъбаст намоям. Ба таъкиди Ҷаноби Олӣ:

«Зиндагии оянда аз наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши аниқ, донистани техникаву технологияи навтарин, забондониро ба таври қатъӣ талаб мекунад».

Аз ин рӯ, ҳамаи моро лозим аст, ки ҳар як ташаббус ва дастуру супориши Роҳбарияти Олии мамлакатро сармашқи ҳаёти худ қарор дода, бо виҷдони пок, иродаи матин ва софдилона кору фаъолият намоем.

Ба аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ фаросии ҷашни бузурги иттиҳоду камолоти миллат – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз сидқи дил табрик гуфта, дар кору фаъолияти ҳаррӯза саломатӣ, файзу баракат ва хонаободиро таманно дорам.

Сипос ба таваҷҷуҳатон!

 

Search