Гармхонаи инноватсионии ДДХ ҳосили дуюм медиҳад

Гармхонаи инноватсионии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, ки имсол дар доираи ҳамкориҳои судманди роҳбарияти мақомоти ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва донишгоҳ ба тавозуни ДДХ гузашт, ҳосили дуюм медиҳад.

Гармхонаи болозикр дуюмин гармхонаи замонавии донишгоҳ мебошад, ки дар он асосан зироати бодиринги навъи "Орзу F 1" ва кабудиҳои гашниз, ҷаъфарӣ, пудина, қоҳу парвариш меёбанд. Умуман, дарозии гармхона 10 метр ва паҳноии он 3 метрро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар ҷараёни фаъолияти гармхона, омӯзгорони факултети биология корҳои илмиро вобаста ба мавзӯъҳои рисолҳои номзадӣ ва донишҷӯёни шуъбаи биоэкологияи факултети биология бо роҳбарии номзади илмҳои биологӣ, дотсент Мунира Наврузбекова корҳои таҷрибавӣ ва илмӣ - тадқиқотиро оид ба мавзӯъҳои рисолаҳои хатм пеш мебаранд.

Бояд гуфт, ки қабл аз оғози фаъолият ба иваз намудани хоки гармхона, илова намудани нуриҳои органикӣ, кишти тухмӣ аз рӯи технологияи парвариш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Дар раванди фаъолияти таҷрибавӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ олимону омӯзгорон ва муҳассилини факултет аз асбобҳои листометр (асбоби ченкунандаи дарозиву бари барг), анализатор хлорофил, (асбобе, ки хлорофили растаниро муайян мекунад) ҳароратсанҷи хоку ҳаво ва намнокии ҳавои дохили гармхона, намудҳои гуногуни тарозуҳо барои муайянкунии бухоршавии об дар давоми рӯз), спектрофатометр (асбоб барои муайян кардани хлорофил А, В ва каротиноидҳо дар барги растанӣ) ва ғайра баҳра мегиранд.

Инчунин, дар рафти кору фаъолияти илмӣ – таҷрибавӣ мутобиқати зироатҳо ба шароити гармхона, бухоршавии об аз таркиби растанӣ, муайян намудани моддаҳои химиявӣ дар таркиби он, мушоҳидаи ҷараёнҳои фенологӣ ва муайян намудани ҳосилнокӣ тадқиқ мегардад.

Дар асоси дастури ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода олимону устодон нақша доранд, ки минбаъд гармхонаро тамоми фаслҳои сол истифода карда, баъди ҷамъоварии ҳосили зироату кабудиҳо дар фасли зимистон гулпарвариро равнақ бахшанд. Яъне тавассути парвариши гулҳои ороишӣ метавон гирду атроф ва шафати Донишгоҳи давлатии Хоруғро сарсабзу хуррам намуд.

Мувофиқи тавзеҳоти устодони факултет ҳадафи дигар, ин иваз намудани растаниҳои гармхонаву муайян кардани даромаднокии он дар бозори дохилӣ мебошад. Воқеан маҳсулоти гармхонаи донишгоҳ аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, орӣ аз ҳар гуна нуриҳои минералӣ аст.

А. Смоилбеков

Search