Ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ

30 июни соли соли равон таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони ректор, сардори раёсати таълим, масъулини раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, деканҳои факултетҳо, сармуҳосиб, сардори шуъбаи таъминоти амният, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ, мудирони кафедраҳои донишгоҳӣ, мудири шуъбаи низоми таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибонаву дигар аъзоёни шӯро иштирок намуданд.

Вобаста ба масъалаи ҷамъбасти натиҷаи имтиҳоноти давлатӣ дар факултетҳои донишгоҳ ва ҷамъбасти натиҷаи сессияи тобистона дар соли таҳсили 2020 – 2021 ва роҳҳои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ ва ҳуҷҷатгузории донишгоҳ сардори Раёсати таълими ДДХ Зафар Холдорбеков маълумот дод.

Қайд шуд, ки ҳоло барои нашри дастуру барномаҳо ва дигар маводҳои методӣ дар матбааи ДДХ таҷҳизоти техникӣ ва дигар шароитҳои лозима фароҳам оварда шудаанд. Ҳамаи факултету кафедраҳо бо дастурҳои зарурии методӣ, аз ҷумла барои фанҳои бахши гуманитарӣ ва табии риёзӣ таъминанд.

Бар замми ин, дар факултетҳои донишгоҳ Шўрои илмӣ - методӣ ва дар кафедраҳо комиссияҳои методӣ фаъолият дошта, барои пешбури корҳои методӣ ёрии амалии хешро мерасонанд.

Имсол бо ибтикори раёсати донишгоҳ дар сатҳи ҳамаи кафедраҳо мунтазам дарсҳои кушод ташкил гардида, дар ин самт омўзгорони ҷавон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Вале новобаста аз корҳои иҷрогардида дар корҳои методии омӯзгорон камбудиҳо низ ҷой доранд.

Дар ин асно ректори донишгоҳ баҳри таълифи китобҳои дарсӣ аз тарафи омӯзгорон, боз ҳам ҷоннок кардани корҳои таълимӣ – методӣ ва мутолиаи адабиёти гуногун дар ин самт аз масъулин ҷиддияти бештар талаб намуд. Инчунин, дар робита бо санҷишҳои прокурории сатҳи донишгоҳ ва дар муддати кӯтоҳтарин бартараф кардани ҳама гуна камбудиву монеаҳои ошкоргардида ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки масъалаи таъйиноти кадрӣ ва ба кор ҷалб намудани омӯзгорону кормандон дар донишгоҳ яке аз масъалаҳои калидӣ ба шумор рафта, дар ин маврид набояд ба саҳлнигорӣ роҳ дод. Устодону кормандоне, ки бе сабабҳои узрнок ба ҷойи кор ҳозир намешаванду дар рафти фаъолият ба пешравии донишгоҳ монеаҳои ҷиддӣ  эҷод мекунанд, бо қарори Шӯрои олимон ва супориши бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ аз кору вазифаи ишғолнамуда озод мегарданд.

Сипас, оид ба масъалаи ҷамъбасти корҳои таълимӣ – методӣ дар факултетҳо А. Насрадиншоев - декани факултети филологияи тоҷик, Л. Назархудоева – декани факултети таърих ва ҳуқуқ, М. Наврузбекова – декани факултети биология, С. Абодуллоева – декани факултети забонҳои хориҷӣ, Ҷ. Заргаров – декани факултетети математика, Б. Имомназаров – декани факултети илмҳои табиӣ, Н. Мамадаёзов – декани факултети иқтисод ва Ш. Шозиёев – декани факултети педагогӣ ахборот доданд.

Зикр шуд, ки агарчи баҳрабардориву аз худкунии дарсҳо дар сатҳи донишгоҳ 84, 1 фисадро ташкил медиҳанд, ин нишондод ҳанӯз ҳам нокифоя арзёбӣ мегардад. Ба таъкиди профессор Г. Юсуфзода, ҳамзамон масъалаи зиёд кардани теъдоди номзадони илм ва дигар устодони унвондор таваҷҷуҳи бештар мехоҳад.

Дар охир муовини ректор оид ба тарбия Н. Қамбаров оид ба фаъолияти сусти қисми тарбиявӣ ва масоили ҳалталаб дар ин самт, Т. Содатқадамова, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия вобаста ба натиҷаи санҷиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуда, як қатор қарорҳои дахлдори шӯро қабул гардиданд.

Бояд гуфт, ки баъди қабули қарорҳо декани факултети математикаи донишгоҳ Ҷамшед Заргаров дар вазъи тантанавӣ бо дипломи номзади илм мушарраф гардид.

“ФМ”

Search