ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЙДЕВОРИ МИЛЛАТ

Ваҳдат беҳтарин неъмат, таҳкимбахши ҳаёт, орзуву армон, рушду нумӯи давлат, наҷоти миллат ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Аз қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 24 сол сипарӣ гардид. Тӯли ин солҳо Ваҳдат ва сулҳи сартосарии Тоҷикистон маҳбубияту ҷонибдории худро дар мамлакатҳои берунмарзиву ҷаҳон пайдо намуда, устувортар гашт.

Имрӯз иттиҳоду ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузу пажуҳишгоҳҳои олам гардидааст. Зеро танҳо бо роҳи ваҳдату ҳамдилӣ метавон соҳибистиқлолии кишварро тақвияту пойдор нигаҳ дорем.

Ба туфайли ҷовидонии ин ганҷи гуҳарбор талхиву монеаҳо паси сар шуда, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт мерасад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад, ки ин ниҳол ниҳоли Ваҳдат аст. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он  баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ кафолати шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон миллати азиятдидаи тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуда, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ҳувайдо гардида истодааст.

Ҷойи шарафу сарфарозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он Пешвои муаззами миллат мебошанд, аз ҷониби созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гардид. Дар баробари ин, таъкид кардан зарур аст, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир вобаста ба равандҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва экологӣ дар шароити ноустувор қарор дорад. Хатари терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, буҳрони пайвастаи сиёсию иқтисодӣ, зиддиятҳои мазҳабию динӣ кишварҳои рӯ ба тараққиниҳодаро водор месозад, ки дар роҳи пешгирии оқибатҳои фалокатбори он чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳодисаҳои солҳои охири кишварҳои Шарқи Наздику Миёна, аз ҷумла Ироқу Сурия, Либия, Лубнон ва ҳамсоя кишвари мо Афғонистон мустақим ва ботадриҷ таъсири манфии худро ба дигар кишварҳо низ мерасонанд.

Агар ба харитаи ҷаҳон назар андозем, мебинем, ки асосан манотиқи даргир ва зиддиятҳои ҳадафмандонаву манфиатовар бештар дар кишварҳои мусулмоннишин ба вуқӯъ пайвастааст. Сабаб дар он аст, ки бештар сарчашмаҳои зиддияти байниҳамдигарӣ дар ин кишварҳо аз омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ, фарҳангӣ, равонӣ, иҷтимоӣ иборат мебошанд. Вале мардуми он қурбони бозиҳои сиёсӣ мегарданд, ватани хешро тавассути манфиатдорони берунӣ ва дохилӣ бо дастони худ валангор менамоянд. Маҳз тавассути ифротгароӣ, эътиқоди кӯр-кӯрона ба дин, набудани ваҳдати миллӣ боиси он мегардад, ки ҷанги шаҳрвандӣ, қабилавӣ ва мазҳабӣ аланга гирад.

Имрӯзҳо як гурӯҳи манфиатхоҳони миллати тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд бо воситаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш бар он доранд, ки сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии халқи тоҷикро халалдор намуда манфиатҳои ғаразноки сиёсии худро бо роҳи таъсири манфӣ расонидан бо шуури шахсони камтаҷриба амалӣ созанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки миллати азиятдидаи тоҷик, ки маротибае таъсири ҷанги хонумонсузро дидааст, дигар ҳаргиз намегузорад, ки нохалафе ба пойдории Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ монеае эҷод кунад.

  Имзои Созишномаи сулҳ моҳиятан як давраи томи таърихиро дар худ таҷассум намуда, барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон заминаи мусоидеро фароҳам овард. Дар марҳилаи ҳозираи таърих бо итминони комил гуфта метавонам, насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанде аввал пешпо хурда бошад, ҳам имруз пируз аст, зеро он тавонист васвасаи аҳриманиро аз худ дур намуда, морони заҳокиро саркуб сохт. Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 18-уми июли соли 1997 дар пойтахти мамлакат, дар театри опера ва балети ба номи С. Айни мачлиси муассисони «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» баргузор гардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон раиси он интихоб гардид. Сулҳу ваҳдати миллӣ хатари парокандагии миллиро аз байн бурд, асосҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоию сиёсии давлатро устувор намуд. Ваҳдати миллӣ пойдевори миллат аст, зеро маҳз ваҳдат Тоҷикистонро  чун мактаби таҷрибаи фарҳанги сулҳофарин ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Сабаби муваффақияти мо дар он аст, ки бо ба даст овардани ваҳдат сиёсати давлат комилан ба таърихи миллат, ҳувият ва хусусияти миллӣ такя намуда, барои расидан ба мақсадҳои ниҳонӣ кушишҳои зиёдеро ба харҷ медихад. Бо ташаббуси ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ тавлид ёфта, бо мурури замон ташаккул меёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфта сохтори мураккаби хоҷагидорӣ, иқтисодӣ, этникӣ, муносибатҳои динӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии дар ҷомеа ривоҷёбанда фаҳмида мешавад.

Рушд ёфтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва системаи бисёрҳизбӣ яке аз дастовардҳои беназири ваҳдат ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҳар як тоҷик эҳсос намудааст, ки осоишии халқ, устуворӣ ва рушду нумуи давлат ба Ваҳдати миллӣ вобаста аст. Ваҳдати миллӣ моро водор месозад, ки аз ҳар гуна кинаву адовати сиёсӣ ва иҷтимоӣ худро дур созем. Масъалаи ваҳдати миллӣ пойдевори якпорчагии Тоҷикистон аст. Манбаи асосии ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз иттиҳоди халқ ва пойдевории сулҳу субот, ҳисси баланди меҳанпарастии мардум, хувияти миллӣ, худшиносию худогохӣ, тақвият бахшидан ба мақоми давлат ҳамчун кафили ҳифзи манфиати халқ, баланд бардоштани неруи иқтисодии кишвар вобаста аст. Муҳимтарин ва самарабахштарин омили ваҳдати миллӣ ин созандагию бунёдкорӣ мебошад.

Насим Мамадсалимов - номзади илмҳои таърих, муовини декан оид ба корҳои

таълимии факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Search