ВАҲДАТ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ ПОЯНДА БОШАД!

Паёми табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

Ҳамкорону шогирдон ва ҳамдиёрони азиз!

27 июни соли равон аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сол пур мешавад. 24 сол мешавад, ки ваҳдату ягонагии тоҷикону сулҳи деринтизор дар партави соҳибистиқлолию суботи сиёсӣ дар ҳар гӯшаву канори Ватан шукӯҳу тантана дорад. Оре, ҳақиқати бебаҳс аст, ки 24 сол боз ваҳдати тоҷикони дунё таҳкиму устувор буда, дар ин замина давра ба давра рушду пешрафти кишвари азизамон боҳадаф идома меёбад.

Басо рамзист, ки таҷлили Рӯзи Ваҳдат ба 30 – юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омад. Аз файзу баракати ин ду ҷашни волонеъмат, муҳиму тақдирсоз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор гузошта, ҳамаи заҳматҳои аҳлонаву созандаро баҳри ҳифзу нигаҳдории ин дастовардҳои бебаҳо ва фардои дурахшони меҳан бояд равона намоем.

Зеро пойдории ваҳдати комили миллӣ ва устувории истиқлол кафолати зиндагии шоиставу созгор, камолоти миллат, рушди фарҳангу маънавиёт, маориф ва илму дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим аст.

Вале ногуфта намонад, ки баҳри барқарор намудани сулҳ дар кишвар аввалин иқдоми оливу мардона дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ аз ҷониби фарзонафарзанди халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад.

Нобиғаи таърихӣ ва фарзанди Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар муроҷиатнома аз 12 декабри соли 1992 бо азму иродаи қавӣ изҳор намудаанд: «…Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи дурахшони Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Тақвият ёфтани рукнҳои асосии давлатдорӣ, баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ташаккули давлати соҳибихтиёру демократӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ аслан ба туфайли ваҳдати миллӣ ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат сурат гирифта, соҳибистиқлолиро неруи тоза бахшиданд.

Инчунин, Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон ба таври равшану возеҳ таъкид кардаанд:

“Вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки дастоварди бузурги миллиамон - ваҳдатро ҳамчун неъмати гаронбаҳо эҳтиёт кунем ва тамоми саъю талоши худро барои таҳкими он сафарбар намоем.

Соҳиби давлати соҳибихтиёр ва соҳибватан будан барои ҳар як шаҳрванди ин сарзамини аҷдодӣ бахти бузург мебошад ва аз ин рӯ, дарки воқеияти раванду рӯйдодҳои ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки дар масъалаи арзёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ҳамеша боэҳтиёт бошем ва дурандешии сиёсӣ зоҳир намоем.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъолона ширкат намояд.

Мову шумо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунем, ки кори худро аз рӯзҳои аввали давлатдориамон аз сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон ва хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон минбаъд низ идома медиҳем”.

Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки Ваҳдату ягонагӣ, истиқлолу озодӣ ва суботи сиёсиро аз ҳарвақта бештар ҳифзу гиромӣ дошта, дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Роҳбарияти Олии мамлакат ҳамаи кӯшишҳоро барои оромишу пешравии Тоҷикистон равона созем.

Ҳамаи устодон, ҳамкасбон, дастпарварону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва дар симои онҳо ҳамдиёронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику шодбош намуда, дар кору фаъолияти ҳаррӯза офиятӣ, ҳамдилӣ, комёбиҳои нав ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Ҷашни бузурги миллат муборак!

Search