ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ ВАҲДАТ

Мо зи Ваҳдат бахти некў дар канор овардаем,

Ранги нав дар зиндагӣ бар кўҳсор овардаем.

Зиндагони боғу ваҳдат боғбони зиндагӣ,

Мо ба дасти боғбони нав баҳор овардаем.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат дар ҳар давру замон аст.

Ҷаҳониён ба миллату халқиятҳои ваҳдатшиор бо назари эҳтиром менигаранд, таърихи тамаддунофари эшонро меомўзанд, ганҷинаҳои маданию фарҳангии онро бо худ ба дуриҳои дур, ба кунҷу канори дунё мебаранд ва онро ғановати маданию фарҳангии хеш қарор медиҳанд. Камоли ифтихормандию сарафрозиҳои зиёди мост, ки аҳли башар ҳангоми дар бораи чунин миллатҳо сухан рондан ангуштшумор буданшонро таъкид карда, дар байни онҳо номи миллати куҳанбунёди тоҷикро низ ба забон мегиранд.

Ваҳдат барои тоҷикон мафҳуми азалӣ буда, аз андешаи миллӣ, фарҳанги миллӣ ва таърихи миллат сарчашма мегирад. Дар байни тоҷикон мафҳуми Ваҳдат бо номҳои сулҳ, дўстӣ, бародарӣ, иттиҳод ва ягонагӣ маъруф аст, ки барои аҳли башар файзу баракат, бахту саодати зиёд ато кардааст. Ҳар як тоҷик онро дар дили худ, дар хонаю манзили худ, дар зиндагию кору эҷоди худ чун ҷон дар тан нигаҳдорӣ менамуд ва муқаддас медонад. Қувваҳои зулмонисиришти аҳриманӣ борҳо алайҳи ин равшании зиндагии онҳо исён кардаанд ва дар баъзе ҳолатҳо комёб ҳам гардидаанд, вале чун вуҷуди миллати тоҷик бо нури Ваҳдат сиришта шудааст, он монанди рўзи тобоне дар домани хуршеди дурахшон ба таври ҳамешагӣ мавҷуд будааст.

9 сентябри соли 1991 бо амри тақдир баъди садсолаҳо маҳрумияту нокомиҳо, бадбахтию парешониҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоли миллати тоҷик бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард, ки нишонаи шукуфтани гули умеди халқи зи дурии замонаҳо расидаи мо буд. Роҳи наҷотро аз ин вартаи ҳалокат ва гирдоби ноумедиҳо маҳз Иҷлосияи ХV1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кард ва дар он ҷавонмарди олитаборе бо исми мубораки Эмомалӣ Раҳмон сари қудрати сиёсии мамлакат омад, ки муроҷиати ба мардум умедбахшандааш «ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро нисор менамоям» аз дамидани субҳи оромию осудагӣ башорат дод. Ин муроҷиат пеш аз ҳама барои қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва боз гардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист, баҳри барқарор сохтани ҳазорҳо хонаю иншоотҳои бар асари ҷанг харобгашта маънои бар сари мизи музокирот нишастани роҳбарони нерўҳои бо ҳам мухолифро дошт. Роҳбари хирадмандонаи Президенти кишвар, муносибати самимона, ҳамкорӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва заковати азалии мардуми бофарҳанги тоҷик боиси он гардиданд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби ҳар ду тараф имзо карда шуд.

Дар бораи хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, садоқати бепоён, фазилату шоистагии фитрӣ, истеъдоди фавқуллода, имону эътиқоди ў, ки ҳама нерўю тавон аз муҳаббати худодод мегиранду сарманшаашон садоқату вафодорӣ аст, бисёр гуфтаанду навиштаанд ва боз ҳам мегўянду хоҳанд навишт. Зеро дили сарвари бунёдкору ватандори мо саршори муҳаббат аст ва муҳаббат, ки инояти Худовандист, мавзўи тамом шудани нест ва ҳар рўзу ҳар соат бо ҷилою рангҳои нав ба наву тоза ба тоза зуҳур мекунад, гармӣ мебахшад, равшанӣ ато мекунад, ба дилҳо шодию сурур ва ба дидаҳо нур медиҳад. Барои дўстдори мардум будану нисбати он дар дил муҳаббат парваридан аввал онро ҳаматарафа омўхтану донистану шинохтан зарур аст дар фарозу фурўдҳои зиндагӣ ҳамдаму ҳамнафаси он мардум будан лозим аст.

Ҳамагон Пешвои миллатро Президенти ҳақиқатан миллӣ, чеҳраи дар кўраи мушкилоти мамлакат озмудашудаю соҳибирода, симои арзандаи муаррификунандаи мардуми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон, сарвари ҳимоякунандаи манфиатҳои халқу мамлакат медонанду мешиносанд. Аз тарафи дигар, худи Президенти мамлакат дар кулли гўшаву канори мамлакат амалисозандагони орзую ормонҳои миллиро мебинад ва барои дар ин ҷода ба комёбиҳо ноил шудан баҳри онҳо тамоми шароиту имкониятҳои мавҷударо муҳайё сохтааст.

Кафили меъмори коҳи Ваҳдати миллӣ будан маънои бо тамоми мардум бо дарки мушкилот, бо эҳсос кардани ғаму шодӣ ва бо онҳо муносибат кардан аст. Ваҳдати халқро эҳё кардан як тарафи масъала аст. Онро чун гавҳараки чашм нигоҳ доштан, мустаҳкаму қавитар намудан заҳматҳои боз ҳам зиёдтар мехоҳад.

Интихоби якдилонаи Президенти мамлакат дар соли гузашта ягонагӣ, ихлосу эътимод ва ваҳдати умуми миллиро дар роҳи созандагии кишвар нишон дод ва рушди мўътадили авзои ҷомеаро таъмин намуда, ба ҳалли масъалаҳои зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ имконияти васеъ фароҳам овард.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки чунин ҳадяи бебаҳои таърих ваҳдату ягонагии миллатамонро барои ҳамешагӣ ҳифз ва таъмин намуда, дар баробари ин онро ба наслҳои оянда дар шакли комил ба мерос бисупорем. Барои расидан ба ин ҳадаф, истифодаи васеи андешаву амалҳои босубот ва сабурона барои бунёдсозӣ ва рушди ояндаи Ватану миллат ҳамеша вазифаи миллии мо бояд бошад.

Бо ҳамин ниятҳои нек кулли мардуми кишвари азизамонро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон хонадони тинҷу осуда, хушию хуррамии хонаводагӣ, муҳаббату садоқат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.

Мамадризо Алимшоев, муовини

ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ,

номзади илмҳои таърих, дотсент

Search