ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ҶАШНИ НИШОТУ КАМОЛОТИ МИЛЛАТ

Дар саҳифаи таърихи ҳар як миллат санаҳои муҳиму тақдирсоз сабт мегарданд, ки бо гузашти солҳо аҳамияту мақомашон бештар аён мегардад. Рўзи Ваҳдат дар радифи санаҳои фаромўшнашавандаи миллати куҳанбунёди тоҷик мақому арзиши махсус дорад.

Бо сиёсати ваҳдатҷўёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гашта, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд. Барои мардуми ҷафодидаи кишвар сулҳи деринтизор эҳдо гардиду ба бунёди давлати миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ асос гузошта шуд.

Қабл аз он, ки дар бораи Ваҳдати миллиамон ҳарфе гуфт, бояд аз корномаи шахсе сухан кард, ки дар таҳкими он ва дар сарнавишти миллату кишвар нақши калиди дорад. Бақои миллат, пешравии давлат аз роҳбари миллатдӯст, ваҳдатсоз, ташкилотчӣ, фарҳангӣ, маорифпарвар, ислоҳотчӣ, сиёсатмадори муваффақ, илмдӯст, олимпарвар вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки онҳо чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо намудаанд. Ҳоло тамоми мардуми соҳибиқболи кишвари азизамон дар партави Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамалакт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнати бунёдкоронаашон барои истиқболи ду ҷашнвораи барои мардуми кишварамон басо муҳиму тақдирсоз, 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 30 - солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии комил дида истодаанд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди  бунёдкориву созандагӣ пойдор аст.

Раванди истиқрори сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурӣ, шароити таърихии душвори солҳои аввали истиқлолият, таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон аз муассисаҳои таълимию илмӣ, омузишу тадқиқоти ҳамтарафаро талаб менамояд.

Ба муносибати ҷашни нишоту камолоти миллат – Ваҳдати миллӣ ҳамаи тоҷиконро табрику таҳният гуфта, саломативу рӯзгори тинҷу осуда мехоҳам.

Ниёзалӣ Қамбаров, муовини ректори

 Донишгоҳи давлатии Хоруғ оид ба

 тарбия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Search