ПАЁМАДҲОИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ҲИССИ МАСЪУЛИЯТШИНОСИИ ШАҲРВАНДОН

“Мо дар якҷоягӣ гардани адовати шайтонро шикаста, ҳамдилу ҳамтан шудем ва барои эмин нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон талош намуда, бо иродаи комил, номуси ватандорӣ, хислати инсондўстонаи худ ба мақсади наҷибамон ноил гардидем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳаёт собит менамояд, ки барои пойдории давлати навини тоҷикон ҳанӯз аз охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX фарзандони сарсупурдаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва дигарон даст зада буданд. Вале пушида нест, ки то ин дам дар ҳайати давлати дигар будани Тоҷикистон имконияти роҳи ҳалро намедод.

Дар чунин як давраи ҳассосу тақдирсози таърихӣ пойдевори истиқлолияти кишвар гузошта шуд ва Тоҷикистон аввал ҷумҳурии худмухтор ва баъдан ҳамчун як давлати бузург – Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ ташкил ёфт.

Ин фарзандони ватандӯст вазифаи муқаддаси хешро дар назди Ватан иҷро намуданд ва кишвари мероси ниёгонро аз нестшавӣ ҳифз намуданд.

9 – уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Баъди эълони истиқлолияти давлатӣ дар кишвар падидаҳои ҳақталошӣ ва кашмакашиҳои дохилӣ авҷ гирифтанд ва мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Мамлакатро бӯҳрони сиёсӣ фаро гирифта буд ва ҳатто баъзеҳо пешгӯи ҳам карда буданд, ки ин давлати навтаъсис дар мӯҳлати кӯтоҳтарин боз аз байн хоҳад рафт.

Роҳи наҷотро аз ин вартаи ҳалокат ва гирдоби ноумедиҳо маҳз Иҷлосияи ХV1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кард ва дар он ҷавонмарди олитаборе бо исми Эмомалӣ Раҳмон сари қудрати сиёсии мамлакат омад, ки муроҷиати ба мардум умедбахшандааш «ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро нисор менамоям» аз дамидани субҳи оромию осудагӣ башорат дод. Ин муроҷиат пеш аз ҳама барои қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва боз гардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист, баҳри барқарор сохтани ҳазорҳо хонаю иншоотҳои бар асари ҷанг харобгашта маънои бар сари мизи музокирот нишастани роҳбарони нерўҳои бо ҳам мухолифро дошт. Роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар, муносибати самимона, ҳамкорӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва заковати азалии мардуми бофарҳанги тоҷик боиси он гардиданд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби ҳар ду тараф имзо карда шуд. 

Имрўз  дар кишвари ҷаннатмисоли азизамон- Тоҷикистон ҳангоми бо чашми дил ба муҳити атроф нигоҳ кардан ҳама ҷоро саршори нури Ваҳдату файзи истиқлолият мебинем. Осмони фирўзаранги Тоҷикистон дар дидаи нозукбинон тозагӣ ва сафои зиёдтарро ворид кардааст. Офтоби ҳар рўз тулўкунанда, ки дар шумор яктову дар бахшишу саховат беҳамтост, дар назари соҳибназарон сарзамини тоҷиконро зиёдтар нуру гармӣ ато намудааст.  Гулҳои дар партави нуру гармии ин офтоб  шукуфта зебоию таровати дигаре доранд. Обҳои аз баландиҳои кўҳсорон ба пастиҳо ҷоришаванда, ки гулҳои шукуфтарў аз онҳо серобанд, шўру валвалаи дигаре доранд. Заминҳои ташналабро шодоб месозанд, ташнагиҳоро мешикананд, дастгоҳҳои пуриқтидори тавлидкунандаи нурро чарх мезананд. Ин нури бо қудрату азамати ақли инсонӣ офаридашуда нури ваҳдатро пайравӣ карда ба масканҳои мардум бошитоб равон аст, то ки бо гармию равшании худ ҳар чӣ тезтару зиёдтар меҳмони азизи хонаҳои мардуми ваҳдатшиор гардад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки чунин ҳадяи бебаҳои таърих ваҳдату ягонагии миллатамонро барои ҳамешагӣ ҳифз ва таъмин намуда, дар баробари ин онро ба наслҳои оянда дар шакли комил ба мерос бисупорем, Барои расидан ба ин ҳадаф, истифодаи васеи андешаву амалҳои босубот ва сабурона барои бунёдсозӣ ва рушди ояндаи Ватану миллат ҳамеша вазифаи миллии мо бояд бошад.

 Бо ҳамин ниятҳои кулли мардуми кишвари азизамонро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон хонадони тинҷу осуда, хушию хуррамии хонаводагӣ, муҳаббату садоқат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. 

Саидраҳмонов Насим, ёвари ректори Донишгоҳи

давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Search