Конференсияи илмӣ – амалӣ: “Ваҳдати миллӣ - пояи сулҳ”

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ҳамкории Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандаров Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 24 - солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ - пояи сулҳ” конференсияи илмӣ – амалӣ доир гашт.

Дар конференсия муовини ректор оид ба таълими ДДХ, номзади илмҳои таърих , дотсент Мамадризо Алимшоев, директори институти болозикр, профессор Қаландариён Ҳоким Сафар, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ниёзалӣ Қамбаров ва дигар олимону устодон иштироку баромад карданд.

М. Алимшоев зимни ифтитоҳи чорабинӣ ва ироаи мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори Ваҳдат» иброз намуд, ки моҳияту асолати ваҳдатро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дар қалб, замир, хонаю манзили худ парварида, онро давоми фаъолият, зиндагӣ ҳифз менамояду муқаддас медонад:

“9 сентябри соли 1991 бо амри тақдир ва баъди садсолаҳо маҳрумияту нокомиҳо, бадбахтию парешониҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоли миллати тоҷик бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ карду ба туфайли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам шӯълаи умед дар қалби миллати тоҷик барафрӯхт.

Мавриди зикр аст, ки роҳи наҷотро аз вартаи ҳалокат ва гирдоби ноумедиҳо маҳз Иҷлосияи ХVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кард ва дар он замон ҷавонмарди олитаборе бо исми мубораки Эмомалӣ Раҳмон сари қудрати сиёсии мамлакат омада, бо ҳарфу нидои наҷотбахш «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро нисор менамоям!» дар дили ҳазорон нафар ҷой гирифт ва ин албатта аз дамидани субҳи оромию осудагӣ дар саросари мамлакат башорат дод. Яъне ин муроҷиат пеш аз ҳама заминаи хоса дар қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, боз гардонидани гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист, барқарор сохтани ҳазорҳо хонаю иншооти бар асари ҷанг харобгашта ва сари мизи музокирот нишастани роҳбарони нерўҳои бо ҳам мухолифро гузошт”, - гуфт, М. Алимшоев.

Бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муносибати самимона, ҳамкорӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмиву заковати азалии мардуми бофарҳанги тоҷик боиси гашт, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби тарафҳои даргир имзо гардаду сулҳи деринтизори тоҷикон ба миён ояд.

Ҳоким Қаландариён, директори Институти илмҳои гуманитарӣ дар идомаи конференсия зикр намуд, ки барои давлатҳое, ки таърихи хасорсола доранду урфу одат, суннат, маросиму фарҳанги худӣ ва ниҳоят тамаддунсозанд, дар давраи ҷаҳонишавӣ зиндагӣ кардан имтиҳони бузург мебошад. Зеро дар ин раванд чунин давлатҳо ҳамеша зери таҳдидҳои муосир қарор дорандА аз ин рӯ, ҳифзу нигаҳдории Ваҳдати комили миллӣ барои мо низ аз масоили фавқулода муҳим аст.

- Касеро идеали зиндагӣ қарор додан дар тамоми кору фаъолияти шахсӣ ё ҷамъиятӣ ҳамболи тақдир аст. Бинобар ин, дар ҳаёти имрӯзаи мо ҳам бояд идеале бошад, ки гирди ӯ муттаҳиду сарҷамъ бошем. Хушбахтона, феълан намунаи идеалӣ асосӣ бароямон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва Сарвари давлат барҳақ рисолати таҳкими ваҳдату ҳуввияти миллиро хирадмандонаву бунёдкорона иҷро намуданд , - афзуд, Ҳ. Қаландариён.

Шофақирова Рушонгул, номзади илмҳои филология, дотсент перомуни “Ваҳдати миллӣ бақои миллат” ибрози андеша намуда, қайд кард, ки аз таҷрибаҳои тӯлонии таърих бармеояд, ки боэътимодтарин санаи таърихӣ фарҳанги сулҳ ин пеш аз ҳама гузашт ё худ башидани гуноҳи рақиб ва пазируфтани ӯ мебошад. Вале на ҳама ҷуръату тавонии ин аъмоли некро доранду онро таҳкимбахши ҳаёти хеш қарор медиҳанд. Аммо истиқрори сулҳи тоҷикон ва дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт гаштани он асосан иқдому ташаббуси бемисли фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Саидраҳмонов Насим, ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ оид ба “Паёмадҳои ваҳдати миллӣ ва ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон” маърӯза намуда, аз ҷумла гуфт, ки "Имрўз дар кишвари ҷаннатмисоли азизамон - Тоҷикистон ҳангоми бо чашми дил ба муҳити атроф нигоҳ кардан ҳама ҷоро саршори нури Ваҳдату файзи истиқлолият мебинем. Аз ин рӯ, зарур аст, ки чунин ҳадяи бебаҳои таърих ваҳдату ягонагии миллатамонро барои ҳамешагӣ ҳифз ва таъмин намуда, дар баробари ин онро ба наслҳои оянда дар шакли комил ба мерос бисупорем. Барои расидан ба ин ҳадаф, истифодаи васеи андешаву амалҳои босубот ва сабурона барои бунёдсозӣ ва рушди ояндаи Ватану миллат ҳамеша вазифаи миллии мо бояд бошад”.

Сипас Н. Қамбаров, муовини ректор оид ба тарбия аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ дар кору фаъолияти ҳозирин барору комёбиҳо хоста, конференсияи илмиро пӯшида эълон кард.

javonon.tj

Search