Гармхонаи инноватсионии донишгоҳ ҳосили хуб медиҳад

Чанде пеш устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аз гармхонаи инноватсионии донишгоҳ, ки дар мавзеи Ҷелондии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ аст, боздид намуданд.

Дар рафти шиносоӣ бо фаъолияти гармхона маълум гардид, ки зироати бодиринг дар он сифатан ҳосили хуб дода, орӣ аз ҳар гуна гибрид мебошад. Бояд гуфт, ки гармхонаи мазкур бо ҳамаи шароиту имкониятҳои ҳозиразамон дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр сохта шуда, инчунин барои парвариши намудҳои дигари гуногуни сабзавот мусоид аст.

Баҳри дар сатҳи меъёрӣ фаъолият намудани гармхона, ки дар доираи Барномаи грантии “Рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикистон” ва Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талаботҳои муосири бозори меҳнат» рӯи кор омад, натанҳо ёрии илмӣ – методии устодон, балки кӯмаки амалии онҳо барои ба кор андохтани гармхона равона гашт.

Ҳадафи дигари Барномаи грантии “Рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикстон» ва лоиҳаи болозикр, ин ташкил намудани бошишгоҳи экологӣ дар деҳаи Ҷелондӣ ва самаранок ба роҳ мондани фаъолияти он мебошад.

Иншооти мазкур дар ояндаи наздик дар шафати гармхона сохта мешавад, ки ин имконияти таҷрибаомӯзии таълимиву саҳроӣ нафақат барои донишҷӯёну магистрантон, кормандони илмии ДДХ, балки барои донишгоҳҳою пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҳам пешбинӣ гардидааст.

 Собир ҚАЗОҚОВ, корманди Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Search