ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ БУЗУРГИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, ҳамчун ҳуҷҷати такдирсоз, давлатамон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон тавонист, ки ба муноқишаҳои дохиливу муқовимати мусаллаҳона хотима бахшаду ба марҳалаи навини давлатдории тоҷикон гузоштани санги таҳдобии сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намояд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози тамоми мардуми кишварамон мебошад, ки бо истифода аз арзишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузошта, баҳри беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ояндаи соҳибистиқлолии давлатамон заминаи мусоидро фароҳам овард.

Атрофи як миз овардани гурўҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон вазифаҳои аввалиндараҷаро барои худ, барои соҳибихтиёрии давлату ягонагии халқамон муайян карда, то ҳатто ҷони худро дар хатар гузошт ва барои ҳалли мушкилоти бавуқӯъомада кўшишҳои бемислро ба харҷ доданд. Ба шарофати дастгирии халқи тоҷик ва шахсиятҳои равшанфикр давлатамон тавонист, ки ба орзуи деринаи халқамон – сулҳу субот дар Ватанамон комёб гардад ва бо азмӣ қавӣ барои сохтани давлате, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд дар мадди аввал қарор дошта бошад ва барои рӯи даст овардани дастоварду самараҳои ваҳдати сартосарӣ саъйю кушишҳои зиёд намояд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози дигаргунии кулли дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кўдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, зиндагии навро эҳё намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофаринии миллати тоҷик ва иродаи неки  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дўст муяссар гардид.

Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос дорему ба қадри он расем ва ҷавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу гиромӣ доранд. Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама, ягонагии тамоми кишвар,  ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми «миллат» бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад.     

Ваҳдати миллӣ ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва монанди инҳост. Зеро ҳеч яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурўҳи дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад. Ба андешаи мо, чанд омил мавҷуд аст, ки Ваҳдати миллиро, бахусус барои аҳли кишвари мо дучанд муҳим сохта, онро арзиши мутлақ мегардонад. Ин омилҳоро метавон ба ду қисм – хориҷӣ ва дохилӣ ҷудо намуд.

Ба омили хориҷӣ метавон ҳодисаҳои охири ҷахони имрўза, бахусус ҳодисаҳои дар давлати Украинаро шомил сохт. Ба таври умумӣ метавон зикр намуд, ки заиф будани ваҳдати миллӣ дар чунин мамлакатҳо ба абарқудратҳо имкон дод, ки бо баҳонаи риояи аслҳои демократӣ ба ин мамлакатҳо сар халонда, ба ин васила бетартибию бенизомӣ ба ҳифзи суботи сиёсию иҷтимоӣ боис шавад. Ба омили хориҷӣ, инчунин муносибати наонқадар дўстонаи баъзе мамлакатҳои ҳамсоя ва бархе шарикони стратегиро, ки дар роҳи пешрафти иқтисодии кишвари мо ҳар гуна монеаҳои сунъиро эҷод месозанд, дохил намуд. Воқеаҳои хунини дар сарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон рухдода, худ мисоли равшан аст, ки ҷумҳурии ҳамсоя роҳҳои заминӣ ва ҳавоиро маҳкам намуда, монеаҳои сунъии иқтисодӣ барои ноҳияҳои ҳамсарҳад бо онро эъҷод намуд. Аз ин рӯ, маҳз ин ҳолатҳо атрофи Роҳбарияти Олии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳарчи бештар муттаҳид гардидан, нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос намудан ва бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохтан аз раванди дурусту ифодаи Ваҳдати комили миллӣ хоҳад буд. Омили дигаре, ки метавон ба ин гурўҳ дохил намуд, ин тақдири талхи мардуми афғон ва то имрўз кашол ёфтани низоъҳои дохилӣ ва кашмакашиҳои гуногун дар ин кишвар мебошад. Шахсе, ки худро соҳибақлу бофазл медонад, аз ин ҳодисаҳо сабақи таълимие бардошта, ҳамеша баҳри тақвият бахшидани Ваҳдати миллии хеш саъю кӯшиш менамояд.

Ба омили дохилӣ, худи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии кишварро пеш аз ҳама метавон дохил намуд, ки зарарҳои моддию маънавии он барои миллати мо ҳамчун бори гарон то ҳол эҳсос мешавад. Баъдан, аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ хурд будани кишвар ва камшумор будани аҳолии он низ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки Ваҳдати миллиро махсус таҳким мебахшанд. Бо ибораи дигар, хурд будани кишвар, камшумор будани аҳолӣ худ моҳиятан Ваҳдати миллиро аз лиҳози ҳуввияту дастаҷамӣ ва ҳамбастагию иттиҳод нуруманд месозанд.

Аммо ғайр аз ин, ба омилҳои дохилӣ, инчунин яксон набудани сатҳи рушди шуур, фарҳанг ва маърифатнокии сиёсии аҳолӣ низ дохил шуда метавонад. Бояд қайд кард, ки омили мазкурро ба ҷумлаи омилҳои ҳалкунанда дохил намудан мумкин аст. Зеро масъалаи дарки зарурати “ваҳдат” ва ҳам Ваҳдати миллӣ вобаста аз тақдир, ояндаи миллат ва амсоли онҳо худ сатҳи баланди рушди шуур ва фарҳанги сиёсиро тақозо менамоянд. Баъзан омилҳое низ мавҷуданд, баёнгари меъёр ё арзиши олӣ буда, ба хотири онҳо байни қавму миллатҳои гуногуни кишвар Ваҳдат вуҷуд дошта бошад. Дар чунин ҳол на диният ва на миллият чунин вазифаро адо карда метавонанд. Чунки дар кишвар ғайр аз пайравони дини ислом боз пайравони дигар динҳо низ зиндагӣ мекунанд. Инчунин, боз як идда шахсиятҳое низ вуҷуд доранд, ки дар зиндагии хеш бо дин ҳеҷ як робитае доштан намехоҳанд. Дар баробари ин, миллиятро низ чун арзиши ягона набояд қабул намуд, ҳарчанд худи ғоя Ваҳдати «миллӣ» номгузорӣ мешавад. Инҷо мафҳуми «миллат» тамоми сокинони мансуби миллатҳои гуногунро, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ба сар мебаранд, дарбар мегирад.

Аз ин рў, арзиши олӣ, арзише, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурўҳҳу ниҳодҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, аввалан, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар аст. Арзиши олӣ барои ҳар як фарди ҷумҳурӣ инчунин дўстию рафоқати байни миллатҳои гуногуни ҷумҳурӣ низ ба ҳисоб меравад.

Дар муддати 24 сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад.

Имрўз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиклолияти давлатии мо сол аз сол қавитар мегарданд. Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвари соҳибистиқлоламон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

 Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Воқеаҳое, ки бо номи «инқилобҳои ранга” ё худ “махмалин» машҳур гаштаанд, ба мардум ва ҳукуматҳои он давлатҳо ба ивази демократия мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба вуҷуд меоранд. Механизмҳо ва василаҳои амалисозии ин инқилобҳо ба воқеаҳои оғози солҳои 90-уми Тоҷикистони мо хеле шабоҳат доранд. Бархурдҳои сиёсиву муборизаҳои гурўҳӣ далолат бар он мекунанд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

Қ. Тавуров, номзади илмҳои фалсафа, мудири

кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии

 ДДХ ба номи Моёншо Назаршоев

Search