Машварати ректорати Донишгоҳи давлатии Хоруғ

18 июни соли 2021 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода машварати ректорат баргузор гашт.

Дар машварат муовинони ректор, сардори Раёсати таълим, масъулини Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, муҳосибот, деканҳои факултетҳои иқтисод, илмҳои табиӣ, забонҳои хориҷӣ, таърих ва ҳуқуқ, педагогӣ, инчунин муовинони деканҳои факултетҳои математикаю филологияи тоҷик, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон ва дигар кормандони сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи машварат, вазъи иҷроиши нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар кафедраҳо сардори Раёсати таълими донишгоҳ Зафар Холдорбеков ахборот дод.

Аз ҷумла зикр гардид, ки чопи дастурҳои методӣ, мақолаҳои илмӣ, пур кардани сарбориву иҷрои соатҳои дарсӣ ва иҷрои дигар талаботи нақшаҳои инфиродии омӯзгорон ҳанӯз ҳам беҳбудӣ тақозо карда, дар ин самт чораҳои муассирро бояд пиёда намуд.

Сипас ректори донишгоҳ тарзи дуруст ва бенуқсон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақшаҳои инфиродӣ ба ҳозирин фаҳмонда дод, ки нақшаҳо бояд дар асоси талаботу супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пур карда шаванд. Инчунин, бо ҳадафи таҳкими заминаҳои илмӣ бояд тадбирҳои иловагию васеъ мавриди корбурд қарор гиранд.

Дар робита бо масъалаи дуюм, баррасии нақшаи чорабиниҳо оид ба қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2020 - 2021 ахбороти котиби комиссияи қабул Марамбек Мавлоназаров шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар ин давра аз рӯйи 58 ихтисоси мавҷудаи донишгоҳ 1852 ҷой барои қабули донишҷӯён пешбинӣ гардидааст. Бар замми ин, 92 нафар довталабон тариқи квотаи президентӣ бояд ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ қабул карда шаванд.

Профессор Г. Юсуфзода ба масъулин дастур дод, ки тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин ҷалби бештари довталабонро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати роҳ надодан ба иштибоҳ ҳангоми санандгузорию ба тартиби муайян даровардани ҳуҷҷатҳои расмӣ дар сатҳи факултетҳо бояд котибону коргузорони нав ба кору фаъолият ҷалб гарданд.

Дар масъалаи ҷорӣ муовини ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров оид ба рафти омодагӣ ба ҷашнҳои умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ в сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии, вазъи омодагии муҳассилин ба чорабиниҳои муҳими дарпешистода, таҳияи намоишҳои идона, ҳолати феълии хобгоҳҳои донишгоҳ маълумот манзур кард.

Дар ин маврид ректори донишгоҳ ба масъулин супориши қатъӣ дод, ки аз моҳи июли соли равон то охири ҳамин моҳ ҷиҳати пешгирии хуруҷи касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла каронавирус, дар хобгоҳи донишҷӯён чораҳои зиддиэпидемикиро пурзӯр намоянд. Инчунин, баъди мӯҳлати муайян тарзи тақсимоти ҳуҷраҳои хобгоҳро танҳо дар асоси Фармони ректор "Оид ба тақсимоти хобгоҳҳои донишҷӯён" ба роҳ монанд. Дар сурати фориғболӣ ва саркашӣ намудан аз иҷрои супориши болозикр нисбати масъулин чораҳои зарурӣ дида мешаванд.

Дар фарҷом роҳбари донишгоҳ ҷиҳати софдилона ва босамар кор кардан баҳри пешравию рушди фаъолияти донишгоҳ, тарбияву ба камол расонидани кадрҳои арзанда аз ҳисоби муҳассилин аз устодону кормандони ҷиддияти бештар хоста, иброз намуд, ки ҳамаи талошҳо барои ояндабинии ин боргоҳи маърифат, боз ҳам баланд бардоштани неруи зеҳниву илмӣ ва дигар тадбирҳои созанда бо ҳадафи расидан ба қуллаҳои баландтарини пешрафти илму маърифат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баъдан як қатор қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

"Фурӯғи Маърифат"

Search