МУЛОҚОТ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

17 июни соли 2021 ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода бо ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ), профессор Соҳайл Х. Нақвӣ мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни вохурӣ асосан масоили тавсеаи ҳамкориҳои судманди донишгоҳҳо, аз ҷумла омӯзиши амиқи забони англисӣ ва дигар фанҳои дақиқ, табодули корҳои илмиву таҷрибавӣ, таҳким бахшидани фаъолияти озмоишгоҳу лабораторияҳои мавҷуда, ба кори таълимӣ ҷалб намудани устодони ДОМ, таҷрибандӯзии донишҷӯён, ҳамкории варзишӣ ва равнақи машғулиятҳо вобаста ба ҳаёти солиму дигар мавзӯъҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба таъкиди профессор Г. Юсуфзода ба хотири беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи тафаккури техникии насли наврас бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гашта буд. Бар замми ин, ба омӯзишӣ забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат равона шуда, дар ин самтҳо мебояд кору фаъолиятро ҷоннок намуд.

Профессор Соҳайл Х. Нақвӣ дар навбати худ иброз дошт, ки дари Донишгоҳи Осиёи Маркази барои омӯзгорону муҳассилини Донишгоҳи давлатии Хоруғ пайваста боз аст ва устодону донишҷӯён дар фурсати муносиб метавонанд аз адабиёту базаи моддии ДОМ истифода намоянд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба густариши ҳамкориҳо дар самти омода кардани маҷаллаву мақолаҳои илмӣ, ташкили машғулиятҳо ва дарсу семинарҳои муштараки онлайнӣ, такмили тахассусу омодакунии кадрҳои илмӣ – педагогӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Сипас, профессор Г. Юсуфзода баҳри истиқболи гарму самимӣ, дастгирӣ ёфтани базаи моддию техникӣ ва пазироии як қатор ташаббусҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба роҳбарияти ДОМ изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.

“Фурӯғи Маърифат”

Search