Омӯзгорон аз такмили ихтисос гузаштанд

Ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми кишвару нақшаи баргузории курсҳои омӯзишӣ аз рӯи равияи «Танзими ҳуқуқӣ – сиёсии рушди давлатдории Тоҷикистон» 20 нафар кормандону омўзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва ҳафт нафар муаллимони Коллеҷи тибии шаҳри Хоруғ аз курси такмили ихтисос гузашта, соҳиби диплом шуданд.

Дар маросими дипломсупорӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Таҳмина Содатқадамова, мутахассис оид ба такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илҳом Хомушов ва д. и. ҳ., профессор Диноршо А. иштироку баромад намуда, дар кору фаъолияти минбаъадаи устодону кормандон барору комёбиҳои нав орзу карданд.

Ёдрас мешавем, ки аз 31 май то 16 июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос барои омӯзгорон аз рӯи равияи болозикр дар пояи Донишкадаи такмили ихтисоси назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ гузаштанд.

Тибқи ҷадвали дарсии шунавандагони курси сайёри равияи «Танзими ҳуқуқӣ – сиёсии рушди давлатдории Тоҷикистон», асосан мавзӯъҳои “Заминаҳои ҳуқуқии рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Истиқлолияти сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ, “Амнияти миллӣ ва таҳдидҳои нави замонавӣ”, “Сиёсати ҳуқуқӣ дар самти терроризм, экстремизм ва коррупсия”, “Демократия ҳамчун омили рушди давлат” мӯшикофона омӯхта шуданд.

“Фурӯғи Маърифат”

Search