Машварати ректорати Донишгоҳи давлатии Хоруғ

 

7 июни соли равон таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода машварати ректорат доир гашт.

Дар машварат муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, масъулини раёсатҳои таълиму кадрҳо ва корҳои махсус, муҳосибот, шуъбаи кор бо ҷавонон, роҳбарияти бахши таҷрибаомӯзии донишгоҳ ва омӯзгорони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи машварат асосан се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Оид ба масъалаи якум, вазъи омодагӣ ба гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ ва таълимӣ дар факултетҳои донишгоҳ С. Шогузанфаров, роҳбари бахши таҷрибаомӯзии донишгоҳ ахборот дод.

Зикр гардид, ки таҷрибаи истеҳсолӣ ва таълимӣ дар сатҳи ҳамаи факултетҳо хуб ба роҳ монда шуда, дар ин самт мушкилоту монеаҳои ҷиддӣ вуҷуд надоранд. Бинобар ин, таҷрибаомӯзӣ бояд мувофиқи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардидаи бахш идома ёбад.

Ба таъкиди ректори донишгоҳ деканҳову устодонро зарур аст, ки ба омода намудани мутахассисони баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, онро рисолати воқеии хеш қарор диҳанд ва дар ин росто донишҷӯёнро пайваста дастгирӣ намоянд.

Вобаста ба масъалаи дуюм, баррасии масоили имтиҳонҳои давлатӣ садорати факултетҳои математика, илмҳои табиӣ, иқтисод, забонҳои хориҷӣ, таърих ва ҳуқуқ, филологияи тоҷику факултети педагогӣ ахборот доданд.

Дар ин маврид қайд шуд, ки пурра пардохт нагардидани ҳаққи таҳсил аз ҷониби баъзе муҳассилини донишгоҳ аз масоили умда ба шумор рафта, масъалаи қарздорӣ қариб дар сатҳи ҳамаи факултетҳо беҳбудӣ мехоҳад. Гарчанде аз як тараф раёсати донишгоҳ ва аз ҷониби дигар садорати факултетҳо ҷиҳати қисман пардохт намудани ҳаққи таҳсил муҳассилинро пайваста дастгирӣ мекунанд, вале донишҷӯёну волидон ва наздикони онҳоро ҳам лозим аст, ки дар ин масъала бетараф набошанд.

Сипас, оид ба масъалаи сеюм, тақсими сарбории муаллимон дар кафедраҳои донишгоҳ дар соли таҳсили 2021 – 2022, сардори раёсати таълим З. Холдорбеков маълумоти муфассал пешниҳод намуда, масоили ҷорӣ қабул шуданд.

Дар интиҳои машварат профессор Г. Юсуфзода бори дигар аъзоёни машваратро ба фаъолияти дастаҷамъона даъват намуда, изҳор дошт, ки дар пеш ҷашнҳои умумиҷумҳуривӣ, озмуну чорабиниҳои муҳими сатҳҳои гуногун дорем ва ҳамагонро мебояд, то эҳсоси масъулияти комил карда, минбаъд ҳам хирадмандонаву боҳадаф кор кунанд.

“Фурӯғи Маърифат”

Search