Ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Чанде пеш дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ҷаласа олимон, муовинони ректор, масъулини раёсати таълим, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраву шуъбаҳои донишгоҳӣ ва дигар аъзоёни шӯро иштирок намуданд.

Нахуст, оид ба рафти иҷрои нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос дар донишгоҳ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова ахборот дод.

 Зикр шуд, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли 2021 теъдоде аз кормандону омӯзгорони донишгоҳ аз курси такмили ихтисоси фанни забони англисӣ дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ ба номи Т . Назришоев гузаштанд.

Моҳи майи соли равон бошад чунин курсҳои 15 рўза барои 20 нафар омўзгорони донишгоҳ дар пояи Донишкадаи такмили ихтисоси назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Танзими ҳуқуқӣ - сиёсии рушди давлатдории Тоҷикистон» гузаронида шуданд.

Қайд гардид, донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои оливу илмии кишвар ва берун аз он дар омода намудани кадрҳои илмӣ, илмӣ - педагогӣ фаъолиятҳои хубро ба роҳ мондааст.

Дар заминаи шартномаҳои ҳамкорӣ ва лоиҳияву грантҳои байналмилалӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳҳои байналмиллалӣ аз қабили Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи федералии Қазони Федератсияи Русия, Донишгоҳи Залсбург (Австрия), Донишгоҳи Русе ба номи Ангел Канчева (Булғория) сурат гирифтааст.

Ҳар сол аз тарафи профессорони Донишгоҳи Залсбург - Сабине Хернинг, Гералд Гриесебнер, Гернот Паулус, Стефан Киенбергер, Барбара Риедлер, Райнер Пруллер муддати як моҳ дарсҳои амалӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дар соҳаи иншоотҳои гидротехникӣ барои устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ гузаронида шуда, устодони ДДХ соҳиби сертификати байналмилалӣ мегарданд.

Феълан дар доираи барномаҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои устодони факултети илмҳои табиӣ озмоишгоҳ бо таҷҳизотҳои муосири инноватсионӣ ташкил карда шуда, ҳар ҳафта курсҳои бозомўзӣ мегузаранд.

Дар идомаи ҷаласа бо пешниҳоди ректори донишгоҳ оид ба натиҷаи иштироки донишҷӯён дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маълумоти аъзои ҳайати ҳакамони озмун, устоди ДДХ Ҷумъа Беҳронов манзур гардид.

Қайд шуд, агарчи 10 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанду аз онҳо як нафар ҷойи аввал ва ду нафар зинаҳои дуюму сеюмро соҳиб шуда бошанд, вале омодагӣ ба даврҳои минбаъда ҷиддияти бештар мехоҳад. Ҳамзамон, раиси ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмуни болозикр - декани факултаи забонҳои хориҷӣ, доктори илмҳои филологӣ Сафина Абдуллоева фикру андешаҳои судмандро оид ба тақвият бахшидани ширкати донишҷӯён дар давраҳои минбаъда баён кард.

Дар ин росто профессор Г. Юсуфзода дастур дод, ки масъулину омӯзгорони донишгоҳро лозим аст, то муҳассилини иштирокчиро барои даврҳои минбаъдаи  озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар доираи низомнома он омода карда, дастаҷамъона кор кунанд. Инчунин, ҳуҷҷатгузории иштирокчиёни даврҳои минбаъдаи озмунро дар сатҳи баланд таъмин намоянд.

Сипас, вобаста ба фаъолияти шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ З. Искандаршоев ва натиҷаи санҷишу тафтишоти навбатӣ дар донишгоҳ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ муовини ректор оид ба рушди иқтисод ва молия Б. Бахтиёров ахборот доданд.

Ректори донишгоҳ ҳамаи монеаҳои ҷойдоштаро таҳлил карда, баҳри таҳким бахшидани сатҳу сифати таҳсил, тақсимоти дурусти соатҳои дарсиву воҳидҳои корӣ ва дигар камбудиҳои ошкоргардида дар рафти санҷиш ба масъулин мӯҳлат дода, баъдан масъалаҳои дахлдори шӯро қабул гардиданд.

“Фурӯғи Маърифат”

Search