ҚАДРДОНӢ АЗ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАВУ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА УСТОДОНИ ОНҲО

5 июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев маросими қадрдонии ғолибони олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва устодони онҳо ба вуқӯъ пайваст.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физикаю математика - профессор Гулзорхон Юсуфзода бори дигар ба ғолибони олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуривӣ баҳри ҳимояи ному шарафи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар дохил ва берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ сидқан табрику шодбош намуд.

Ҳамин тавр, донишҷӯи доншгоҳ Ганҷина Марамбекова барои ишғоли ҷойи якуму иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии озмуни илмӣ – таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зери унвони “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2021” дар бахши педагогика, ки ба ифтихори сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистону “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” гузашт, бо дипломи дараҷаи I – уми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шуд.

Ҳамзамон, Фахрия Мирзохонова, донишҷӯи соли 4 – и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ аз фанни педагогикаи умумӣ, ки чанде пеш дар олимпиадаи ҷумҳуриявии шаҳри Хуҷанд миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз…» зинаи аввалро соҳиб гашт, бо роҳбараш Сабоҳат Шаҳбозова диплому мукофотпулӣ гирифтанд. Инчунин, ғолибони зинаҳои дуюми озмуни болозикр Мародбахт Назархонова - донишҷӯи соли 4 – и ихтисоси таърих аз фанни фалсафа, Иқболшо Лутфишоев - донишҷӯи соли 4 – и ихтисоси филологияи англисӣ аз фанни забони англисиву роҳбарони онҳо Нузар Мамадсалимов ва Бахтибегим Мамадрайҳонова бо диплому мукофотпулӣ сарфароз шуданд.

Ногуфта намонад, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии «Дониш талабу бузургӣ омӯз…» бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020 – 2021 гузаронида шуда, дар он шахсан худи профессор Г. Юсуфзода ва дигар устодони донишгоҳ иштирок намуданд.

Ҳамин гуна, 4 июни соли равон дар шаҳри Хоруғ даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузашт. Аз рӯи натиҷаи охири ин давр, 10 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд, ки аз онҳо як нафар ҷойи аввал, ду нафар зинаҳои дуюму сеюмро соҳиб шуда, бо ифтихорномаи ректори донишгоҳ сарафроз гардиданд.

Сипас устоди факулети забонҳои хориҷӣ Мамадаслам Мамадасламов дар вазъи тантанавӣ бо Дипломи дараҷаи доктори илм мушарраф шуда,  роҳбарияти донишгоҳ баҳри расидан ба қуллаҳои баландтари илмӣ ва таҳкими минбаъдаи натиҷаҳои донишҷӯён дар ҳамаи озмуну олимпиадаҳо барору бурдбориҳо таманно кард.

khogu.tj

 

Search