Имтиҳони давлатӣ дар бахши забонҳои шарқ

4 июни соли 2020 имтиҳони давлатӣ, ҳимояи корҳои хатмкунӣ ва магистрӣ дар бахши забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев сурат гирифт.

Дар рафти имтиҳонсупорӣ ва ҳимояи корҳои хатм васоиту таҷҳизоти муосири техникӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, наворҳои дарсӣ ва дигар усулҳои муфид аз ҷониби хатмкунандагон истифода шуда, тарзи баҳрабардорӣ аз технология дуруст роҳандозӣ гашт.

Аъзоёни ҳайати комиссияи имтиҳонотӣ донишу фаъолияти хатмкунандагонро мӯшикофона санҷида, баъди баҳогузорӣ дар корҳои минбаъдаи онҳо тансиҳативу бурдборӣ ва комёбиҳои нав таманно намуданд.

Мавриди қайд аст, ки имтиҳонсупорию ҳимояи корҳои хатм дар маркази диққати раёсати донишгоҳ қарор дошта, баҳри шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаштани он ҳамаи тадбирҳои зарурӣ мавриди корбурд қарор мегиранд.

“Фурӯғи Маърифат”

Search