Рафти имтиҳоноти давлатӣ ва корҳои хатмкунӣ

Бо ҳадафи шаффофу дар сатҳи баланд гузаштани имтиҳонҳои давлатӣ, ҳимояҳои корҳои хатмкунӣ ва магистрӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Таҳмина Содатқадамова дар ҷараёни имтиҳонгирию ҳимояи корҳои хатмкунии магистрҳо (ихтисоси филологияи тоҷик) иштирок намуд.

Бояд қайд кард, ки бо дастгирии Раёсати донишгоҳ тамоми имтиҳоноти давлатӣ, ҳимояҳои корҳои хатмкунӣ ва магистрӣ дар синфхонаҳои кушоду барҳаво, дорои тахтаҳои электронӣ, видеотасвирҳо ва дигар шароитҳои лозима гузаронида мешаванд. Аз рӯзи аввали оғози имтиҳоноти давлатӣ то ба имрӯз хатмкунандагони ихтисосҳои гуногуни донишгоҳ дар имтиҳонот фаъолона иштирок намуда, ҳар яки онҳо талош дорад, то беҳтарин натиҷаҳоро ба даст оварда, муваффақ шаванд.

Раисони комиссияҳои аттестатсияи давлатии хатм ҳам аз аз рафти имтиҳоноту дониши теъдоди зиёде аз хатмкунандагон изҳори қаноатмандӣ намуда, мехоҳанд, ки сафи чунин хатмкунандагон бештар бошад, то дар оянда онҳо беҳтарин мутахассисону омӯзгорон ва олимони соҳаҳои гуногуни мамлакат шуда, ба халқу Ватан софдилона хизмат кунанд.

“Фурӯғи Маърифат”

Search