Нақши ҷавонон ба унвони сармояи инсонӣ ва нерӯи корӣ дар ҳидоятҳои Пешвои миллат

Муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи  Моёншо Назаршоев, номзади илмҳои филологӣ Ниёзалӣ Қамбаров чанде пеш дар шаҳри Душанбе дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ, ки бахшида ба сисолагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Президент, ҷавонон ва илми муосир” гузашта буд, баромад кард.

Номбурда дар мавзӯи “Нақши ҷавонон ба унвони сармояи инсонӣ ва нерӯи корӣ дар ҳидоятҳои Пешвои миллат” маърӯзаи ҷолибро ироа намуда, баҳри фаъолона иштирок кардан дар конференсия бо сипосномаи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдулло Раҳмонзода қадрдонӣ шуд.

Табрик, устоди гиромӣ!

Search