СЕ МАҚОМИ ИФТИХОРИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁН

Тавре маълум аст, аз 28 то 29 майи соли 2021, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз…» бахшида ба ҷашни 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020 – 2021 баргузор гашт.

Боиси ифтихору фараҳи аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аст, ки Фахрия Мирзохонова, донишҷӯи соли 4 – и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ аз фанни педагогикаи умумӣ бо роҳбарии роҳбарии муаллима Сабоҳат Шаҳбозова дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро ба даст овард. Инчунин, Мародбахт Назархонова, донишҷӯи соли 4 – и ихтисоси таърих аз фанни фалсафа таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Нузар Мамадсалимов ва Иқболшо Лутфишоев, донишҷӯи соли 4 – и ихтисоси филологияи англисӣ аз фанни забони англисӣ бо роҳбарии омӯзгор Бахтибегим Мамадрайҳонова сазовори ҷойи дуюм шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳи олимпиадаи ҷумҳуриявӣ шахсан худи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ профессор Гулзорхон Юсуфзода ва дигар устодони донишгоҳ иштирок намуданд ва албатта натиҷаҳои олимпиадаи имсола натиҷаҳои беҳтарин барои донишгоҳ мебошанд. Ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо дипломи дараҷаи I ва II - и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шуданд.

Раёсат, омӯзгорону кормандон ва муҳассилини донишгоҳ ғолибонро барои соҳиб шудан ба зинаҳои ифтихорӣ самимона табрику таҳният намуда, дар фаъолиятҳои минбаъда барору комёбиҳои нав мехоҳанд.

khogu.tj

Search