Оғози курсҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон

Аз 31 май то 16 июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев курсҳои кӯтоҳмуддат барои омӯзгорон аз рӯи равияи «Танзими ҳуқуқӣ – сиёсии рушди давлатдории Тоҷикистон» гузаронида мешаванд.

Курсҳои омӯзишӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи Донишкадаи такмили ихтисоси назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ оид ба гузаштани омӯзгорон аз курси такмили ихтисос ташкил гаштанд.

Таҳмина Содатқадамова, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дар ифтитоҳи курсҳо ба омӯзгорони донишгоҳ ва инчунин муаллимоне, ки аз Коллеҷи тибии шаҳри Хоруғу дигар муассисаҳои таълимии ВМКБ барои бозомӯзӣ омадаанд, барору муваффақият таманно намуд.

Сипас курсҳои кӯттоҳмуддат оғоз гардида, дар рӯзи аввали он зиёда аз 15 нафар иштирок намуданд.

«Фурӯғи Маърифат»

Search