Маҳфил – озмун: Нақши китоби “Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ

Имрӯз, 29 май, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил – озмун таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардид.

Маҳфил – озмун бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нерубахш” ва раёсати донишгоҳ бо ҳадафи дастгирии ҳамаҷонибаи иқдоми беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар оилаи мамлакат, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони МТМУ ва муассисаҳои олии таълимӣ гузашта, дар он зиёда аз 20 нафар муҳассилини донишгоҳ иштироку баромад намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати доварон – муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Райҳонбегим Мавлобахшзода, устодони донишгоҳ Пайрав Мирзоашрафов ва Мақсуд Ақризоев беҳтаринҳоро муайян карда, ғолибони даври донишгоҳию шаҳрии маҳфил–озмун ба даврҳои минбаъдаи он роҳхат гирифтанд.

“Фурӯғи Маърифат”

Search