Идомаи дарсҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар ДДХ

Бо ҳадафи роҳандозии корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дарси навбатии омӯзишӣ дар мавзӯи “Моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ва татбтиқи он” гузаронида шуд.

Дар дарс асосан ҳайати нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ (МГ), роҳбарону аъзоёни сохторҳои наҷотдиҳӣ, посбонӣ, оташнишонӣ, ки аз шумули кормандону омӯзгорони донишгоҳ мебошанд, иштирок намуданд.

Дар оғози дарс Абдулназар Мавлоназаров, нозир оид ба мудофиаи граждании донишгоҳ ва дарсдиҳанда таъкид кард, ки аъзоёни сохторҳои болозикрро лозим аст, то бо ҷиддияти комил ба талаботи қонунгузории ҷорӣ дар самти МГ муносибат намуда, дар дарсу машғулиятҳои марбут ба ҳимояи гражданӣ боз ҳам фаъолтар бошанд.

Дар рафти дарс вобаста ба мафҳуми мудофиаи гражданӣ, ҳайати роҳбарикунанда ва идораи МГ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи МГ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои корхонаю ташкилот ва шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешниҳод шуд.

Сипас иштирокдорон дар доираи мавзӯъ ба дарсдиҳанда саволҳои гуногун дода, посухҳои аниқ гирифтанд.

«Фурӯғи Маърифат»

Search