ҶАВОНӢ БЕҲТАРИН АЁМИ РӮҲУ РАВОН ВА ДОНИШОМӮЗИСТ

Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор ЮСУФЗОДА Гулзорхон Амиршоҳ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Муҳассилину омӯзгорони азиз,

Ҷавонони баору саодатёри Ватан!

Шуморо ба ифтихори ҷашни беҳтаринатон – Рӯзи ҷавонон, яъне иди ҷавонию сурур, айёми рушду пешрафт, ҳадафҳои созанда ва матонату накукорӣ самимона табрику таҳният намуда, дар фатҳи қуллаҳои илму маърифат ва дигар фаъолиятҳои босамари ҳаррӯзаатон барору комёбиҳои тоза мехоҳам.

Воқеан, даврони ҷавонӣ ба наслҳои ояндасоз имконият медиҳад, ки нақши худро дар ташаккулёбии ҷомеа, беҳтару рангин намудани зиндагӣ пайдо карда, чун кафолатдиҳандаи ояндаи созгор, ҳомии суботи сартосарии кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон ҳиссаи сазовори худро гузоранд.

Имрӯз даспарварону хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ки аксарияташон ҷавононанд, дар ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодӣ, моддӣ – фарҳангӣ ва сиёсию маънавии кишвари азизамон фаъолона иштирок намуда, вақту қувва ва нерӯи хешро баҳри сарсабзу гулгулшукуфии Ватан – Модар равона месозанд.

Муҳассилини донишгоҳ ҳозир ҳам дар самти фаъолиятҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ, эҷодию варзишӣ, волонтёрӣ ва озмуну олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун ширкати фаъол дошта, ҳар яки онҳо мехоҳанд беҳтарин натиҷаҳоро зери даст оранд.

Дар ин росто донишгоҳи мо низ ҳамгоми донишҷуён буда, беҳтарин имкониятҳоро баҳри он фароҳам овардааст, то бо шарофати онҳо шумо муҳассилин ба ҳадафҳои дар пеш гузоштаатон устоворона гом бардоред.

Соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон махсус қайд намуданд, ки “Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатии мо барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад”.

Бинобар ин, ҳамаи ҷавононро зарур аст, ки дар пояи ин ташаббуси олии илмпарваронаи Сарвари давлат тамоми кӯшишҳоро ба кор бурда, дар омӯзиши илмҳои замонавӣ, тақвияти таҷрибаву маҳорат ва пайваста рушд додани малакаҳои хеш аз ҳар роҳу усулҳои нав истифода намоянд. Зеро пайдоиши идеяҳои наве, ки барои боло рафтани иқтисодиёт, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, инкишофи илму маориф мусоидат мекунанд, аслан татбиқи фоидаовари онҳо аз ҷавонон вобаста аст.

Ҷавонӣ - беҳтарини аёми рӯҳу равон, фурсати муносиб баҳри аз худ кардани ҳамаи донишҳо аст ва умед дорам, ки Шумо дар оянда низ аз ин фурсат мақсаднок баҳра хоҳед бурд.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

Search