ЭЪТИМОД БА ҶАВОНОН - БОВАРӢ БА ОЯНДАИ НЕКИ ВАТАН (Бардошт аз таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон)

21 майи соли равон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ муовинони раиси ВМКБ, масъулини дастгоҳи раиси вилояту шаҳр, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар вилоят, донишҷӯён, ҷавонони касбу кори гуногун ва сарбозону афсарон иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода ифтитоҳи расмӣ бахшида, табрикоти самимонаи раиси вилоятро барои ҳамаи ҷавонон расонд.

Номбурда аз ҷумла иброз намуд, ки ҷавонон бо дарки масъулияти том дар назди Ватану миллат, натанҳо дар чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ иштироки фаъолона доранд, балки дар амалӣ намудани сиёсати созанда ва ба симмати хизматчии давлатӣ кор карда, қариб дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимияти намояндагӣ даҳҳо вакил аз шумули ҷавонони кишвар мебошанд.

- Зимнан месазад, ки мо суханони таҳсиномези Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро нисбати ҷавонони ғайюри кишвар ба замон гирем, ки бараъло нигоштаанд: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.”

Мавриди зикр аст, ки дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон басо муҳим аст. Чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар ҳамаи соҳаҳо хоҷагии халқ метавонад ба хубӣ таъмин созад, - гуфт, муовини раиси ВМКБ.

Н. Амибекзода дар идомаи суханронӣ қайд кард, ки ҳоло дар самти соҳибкории истеҳсолӣ дар вилоят ҷавонони соҳибистеъдод фаъолият карда, бо истифода аз имкониятҳои воқеӣ ва дар заминаи дастгириҳои бесобиқаи Ҳукумати кишвар талош бар он доранд, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, шарикони рушд корхонаву коргоҳҳои нав таъсис диҳанду ин иқдом бевосита дар самти коҳиш додани бекориву баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.

- Бо қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки имсол мо 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубро таҷлил менамоем, ки саҳми ҷавонон дар ба даст овардану таҳкими он хеле бориз аст. Ин нерӯи бузурги иҷтимоӣ, қувваи созандаи ҷомеа, идомадиҳандаи ормонҳои аҷдодӣ, парчамбардори миллат, пайрави кору пайкори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо тамоми ҳастиву аъмоли хеш садоқати худро кайҳо боз ба Пешвою Ватан ва миллат собит кардаанд.

 Дўст доштани меҳан, баланд бардоштани обрую нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ, ҳифзу ҳимояи хоки муқаддаси диёри маҳбубро аз рисолати азалии ҷавонони Тоҷикистон мебошад, - афзуд, муовини раиси вилоят.

Сипас дар қисмати қадрдонӣ, муовини раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар бо унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар ҷавонони касбу кори гуногун вилоят, сохторҳои қудративу низомӣ баҳри иштироки фаъолона дар кору фаъолияти иҷтимоӣ – сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат, таҳкими ҳаёти шоиставу солим бо ифтихорнома ва сипосномаҳои раиси вилоят, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ мушарраф шуданд.

Баъдан барномаи хотирмони консертӣ аз тарафи ҳофизону ҳаваскорони вилоят ва сарбозон пешкаши ҷамъомадагон гардид.

"ҶТ"

 

Search