Машварати ректорати Донишгоҳи давлатии Хоруғ

21 майи соли равон таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода машварати ректорати донишгоҳ баргузор гардид.

Дар машварат муовинони ректор, масъулини раёсати таълим, деканҳои факултетҳо, раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳиву шуъбаи кор бо ҷавонон ва шуъбаи умумӣ иштироку баромад карданд.

Тибқи рӯзномаи машварати ректорат асосан се масъала мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи якум, омодагӣ ба имтиҳони сессияи тобистона дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултетҳои донишгоҳ деканҳо ахборот доданд.

Дар ин маврид ректори донишгоҳ деканҳои факултетҳо, масъулини раёсати таълим ва дигар сохторҳои марбутаи донишгоҳро вазифадор намуд, ки рафти имтиҳонҳои анъанавию тестиро зери назорати ҷиддӣ гирифта, аз натиҷаи ҳама гуна имтиҳонот ба унвони роҳбарияти донишгоҳ гузориши муфассал пешниҳод кунанд.

Инчунин, профессор Г. Юсуфзода дар асоси санҷишҳои комиссияи аттестатсиониии навбатӣ ба садорати факутети илмҳои табиӣ ва дигар факултетҳои донишгоҳ супориш дод, ки дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" тадбирҳои навро дар кӯтоҳтарин мӯҳлат пиёда карда, ҳамзамон баҳри пешниҳоду омода намудани номзадҳои илм аз рӯи ихтисоси химияву геология дар мувофиқа бо дигар олимони соҳа фаъолиятро ҷоннок намоянд.

Вобаста ба масъалаи дигар, таҳлилу баррасии кори шуъбаи умумии донишгоҳ ахбороти мудири шуъба Кимиё Ақдодова шунида шуд.

Дар ин росто профессор Г. Юсуфзода фаъолияти шуъбаи болозикрро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани монеаи мавҷуда дар самти дуруст ба роҳ мондани иҷроиши мактубҳо, санадҳои берунию дохилӣ ва бақайдгирии онҳо мӯҳлат муқаррар намуд.

Дар машварат инчунин масоили пардохти ҳаққи таҳсил, ҳуҷҷатгузорӣ дар факултети иқтисод ва обунашавӣ ба рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ васеъ муҳокима шуда, сипас як қатор қатор қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

«Фурӯғи Маърифат»

Search