Ҷавониҳо кунед, эй навҷавонон!

Зери ҳамин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода, ректори донишгоҳ - профессор Гулзорхон Юсуфзода, омӯзгорону ҷавонон ва сарбозон ҳамоишу чорабинии идона доир шуд.

Сараввал роҳбари донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати ҷашн табрику шодбош намуда, истиқболи Рӯзи ҷавононро дар пешорӯи таҷлили 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ басо рамзӣ арзёбӣ кард.

- Ҳамаи дастовардҳоро метавон танҳо дар аёмӣ ҷавонӣ ба даст овард. Зеро ҷавонӣ даврони нерумандиву тавоноӣ ва шуҷоату зиракӣ буда, танҳо бо кӯшишу талошҳои худи шахс самаровар мегардад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ - ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад”.

Аз ин рў, дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, танҳо бо ахлоқи ҳамидаи миллӣ, одобу арзиши азалии тоҷикона рақобат карда метавонем, - иброз намуд, профессор Г. Юсуфзода.

Номбурда дар идома таъкид кард, ки ҳамқадами замон рафтани ҷавонон ҳам бояд дар пояи фарҳанги миллӣ тақвияту такомул ёбад ва наслҳои ояндасозро лозим аст, ки фақат ҷанбаҳои мутамаддину пешравиҳои ҳадафноки фарҳанги башариро қабул намоянд.

Назира Амирбекзода, муовини раиси ВМКБ аз номи роҳбарияти вилоят тамоми ҷавонони кишварро табрику таҳният гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки Ҳукумату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сиёсати давлатии ҷавононро яке аз масъалаҳои афзалиятнок дар ҷодаи ташаккул ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон қарор додаанд.

- Бо дастуру ҳидоятҳои оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон гузошта шуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ин неруи бузург - созандаи Ватан стратегияву консепсияҳо,  барномаҳои муҳими соҳавӣ қабул гашт ва сохтори ваколатдор дар низоми давлатӣ таъсис ёфт. Имрӯз мо шоҳиди ҳолем, ки маҳз ҳамин сиёсати хирадмандона ва муносибати ҷиддии Роҳбарияти олии мамлакат ба масъалаи ҷавонон самараи некро ба бор овардааст, - афзуд, муовини раиси вилоят.

Дар ҳамоиш инчунин, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Д. Насриддинов ва донишҷӯӣ соли чоруми факултети биологияи донишгоҳ Қ. Бойназарова дар мавзӯъҳои “Ҷавонони тоҷик дар арсаи таърих”, “Ҷавонон ояндаи миллату давлат” маърӯза карда, баъдан барномаи рангини консертӣ дар иҷрои ҳофизону ҳаваскорони вилояту ДДХ ва сарбозон пешкаш гардид.

“Фурӯғи Маърифат”

 

 

 

Search