Тақсимот ва бо кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон оғоз ёфт

Имрӯз, 19 май, вобаста ба тақсимоту бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон (соли таҳсили 2020 – 2021) дар толори умумии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат Файзиддин Расулзода ва ректори донишгоҳ – профессор Гулзорхон Юсуфзода ҷамъомад доир гардид.

Инчунин, дар ҷамъомад намояндагони сохторҳои маориф ва илми кишвар, устодону кормандон ва хатмкунандагони донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ Г. А. Юсуфзода дар ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии инкишоф, беҳдошти зиндагии мардум, аз ҷумла тарбияи насли ҷавони солим ва рушди маорифро ҳамчун рукни асосии пешрафти мамлакат муайян намудаанд.

Сарвари давлат барҳақ таъкид кардаанд, ки «Шумо ҷавонон барои тақдири имрўзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз маъсулияти бузург бар дўш доред».

Донишгоҳи давлатии Хоруғ 3872 нафар донишҷўро ба таҳсил фаро гирифта, 945 нафари онҳо хатмкунандагон мебошанд. Аз ин шумора, 422 нафар дар гурўҳи буҷавӣ таҳсил намуда, 236 нафар ҳамчун хатмкунандагони равияи омўзгорӣ мебошанд.

Мушкилии норасоии кадрӣ дар сатҳи ВМКБ мушоҳида нашуда, дар дигар минтақаҳои кишвар бошад эҳтиёҷот танҳо ба кадрҳои фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ аст.

Ба гуфтаи муовини аввали Вазири маориф ва илми кишвар Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм кору фаъолият дар минтақаҳои кишвар барои хатмкунандагон имконият медиҳад, ки бо шароити зисти дигар сокинони шаҳру ноҳияҳо аз наздик шинос шаванду дар пойдории ваҳдату ягонагии мамлакат, мубодилаи афкору дониш, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафтуомади озоди ҳамаи шаҳрвандон ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд.

Зикр гардид, ки соҳаи маориф аз соҳаҳои калидӣ ба шумор рафта, барои соири соҳаҳои афзалиятнок заминаи воқеӣ мегузорад. Аз ин рӯ, тарбияву ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати малакат, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сипас, намояндагони сохторҳои маориф ва илми маркази ҷумҳурӣ, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ перомуни шароит, имкониятҳои таълиму тадрис дар минтақаҳо ҳарф зада, тақсимоти мутахассисони ҷавон ба минтақаҳои гуногуни кишвар шурӯъ шуд.

Бояд гуфт, ки тартиби тақсимот ва ба ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” сурат мегирад.

Search