Иштирок дар ҳамоиши ҷумҳуриявии онлайнӣ

Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) ҳамоиши ҷумҳуриявии онлайнӣ таҳти унвони «Ҷавонон - муқобили экстремизм ва терроризм» бо иштироки устодону муҳассилини муассисаҳои олии Тоҷикистон доир гардид.

Нахуст, ректори ДДҲБСТ, д. и. и. профессор Шарифзода Муъмин Машокир ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонони мамлакат ҳамагуна шароиту имкониятҳои лозимаро фароҳам овардаааст, пас, ҷавононро мебояд, ки ҳаёти шоиставу солимро пеша намуда, баҳри пешгирӣ ва решакан намудани падидҳои ифротгарию терроризм ҳамаи талошҳоро ба кор баранд.

Латифзода Асрор Қурбон - муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар баромадаш иброз намуд, ки солҳои охир амалҳои зиёди номатлуби террористӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ сар зада, монеаи суботу амнияти кишварҳои гуногуни олам гардидааст.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез", ки 4-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, иброз намудаанд, ки: "Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии худ мо баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муосирро дар чаҳорчӯби меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофгардида қотеона ҷонибдорӣ мекунем".

Ёдрас мешавем, ки дар ҳамоиши болозикр омӯгорону ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ низ дар баробари дигар донишгоҳҳои кишвар фаъолона ширкату баромад доштанд. Аз ҷумла, ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳ Ақризоев Мақсуд дар ҳамоиш бо мавзўи “Нест бод терроризму экстремизм. Ҷавоонон ва рушди идеологияи миллӣ” баромад намуда, маърӯза аз ҷониби иштирокчиён баҳои баланд гирифт. Ҳамзамон, раёсати ДДҲБСТ ироаи мавзӯи болозикрро беҳтарин арзёбӣ карда, барои ҳамкориҳои минбаъда барору муваффақият таманно намуд.

Д. НАСРИДДИНОВ, мудири Шуъбаи

кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Search