Аттестатсияи омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Хоруғ оғоз ёфт

Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои 44 ва 23 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маорифу аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли 2020  ва ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябри соли 2019 баён доштанд, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев (ДДХ) аттестатсияи кормандони шуъбаву кафедраҳои техникӣ, табиӣ, риёзӣ ва инчунин омӯзгорони забонҳои хориҷии донишгоҳ оғоз ёфт.

Пеш аз оғози аттестатсия дар толори хониши донишгоҳ бо иштироки муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм, ҳайати комиссияи аттестатсионӣ ва мутахассисони соҳавӣ, деканҳою мудирон ва собиқадорони донишгоҳ ҷаласаи корӣ доир шуд.

Дар он масъалаҳои меҳварии боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ширкати бештари муҳассилини донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва ташкилу баргузории аттестатсияи омӯзгорони илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охири ҷаласа муовини якуми Вазири маориф ва илми кишвар ба устодону омӯзгорони донишгоҳ дастур дод, ки дар тайёр намудани мутахассисони ҷавон ҳамаи талошҳоро ба харҷ дода, дар рушду пешрафти маориф ва илми кишвар саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Сипас комиссияи аттестатсионӣ ва мутахассисони соҳавӣ аттестатсияи кормандони шуъбаю кафедраҳои техникӣ, табиӣ, риёзӣ, омӯзгорони факултети забонҳои хориҷӣ ва дигар факултетҳои донишгоҳро оғоз намуданд.

Тибқи нақшаи таҳиягардида фаъолияти комиссияи аттестатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва ва дигар муассисаҳои олии таълимии ВМКБ аз 17 то 21 майи соли равон сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки ҳамзамон муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм, ҳайати комиссияи аттестатсионӣ ва мутахассисони соҳавӣ ва роҳбарияти донишгоҳ рафти баргузории имтиҳонҳои давлатиро мӯшикофона месанҷанд.

khogu.tj

Search