Дарси кушод: “Ҷинсҳои кўҳии миёнаи магмавӣ”

Дар курси сеюми ихтисоси геология ва кашфи конҳои канданиҳои фоиданоки кафедраи фанҳои муҳандисии Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз фанни петрография дарси кушоди лабораторӣ дар мавзўи «Ҷинсҳои кўҳии миёнаи магмавӣ» бо истифода аз заррабинҳои (микроскоп) муосири полеризатсинӣ гузаронида шуд.

Дарси кушодро омўзгори калони кафедраи фанҳои муҳандисии донишгоҳ Назриев Ҳабиб гузаронида, дар вақти он донишҷўён бо истифода аз заррабинҳо ва дигар таҷҳизоти лабораторӣ таркиби минералии ҷинсҳои қўҳиро дар шлифҳо, ки аз ҷинсҳои кўҳӣ омода гардида буданд, муайян намуданд.

Дар  рафти дарс ба ташаккули маҳоратҳои фикрронӣ, инкишофи тафаккури техникии муҳассилин махсус таваҷҷуҳ зоҳир шуда, дарсдиҳанда аз усулҳои интерактивию коммуникативӣ ва техникаю усулҳои муосир истифода кард.

Бояд гуфт, ки мақсади баргузории дарси кушод ташаккул додани нурӯи зеҳнӣ, маҳорати фикрронӣ ва бедор намудани ҳисси хештаншиносии донишҷӯён мебошад.

Кафедраи фанҳои муҳандисӣ

 

Search