Тамрини ситоди мудофиаи гражданӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 ва фармони сардори мудофиаи граждании Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳти № 260 аз 20 апрели соли 2021, бо иштироки ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти таббиӣ ва техногенӣ (заминҷунбӣ)» рузӣ 14 майи соли 2021 тамрини ситоди мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

Тамрини навбатӣ зери унвони «Хабардоркунӣ ва ҷамъшавии ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳ оид ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти таббиӣ ва техногенӣ (заминҷунбӣ)» таҳти раёсати сардори мудофиаи граждании Донишгоҳи давлатии Хоруғ - ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода гузашта, ҳамзамон дар он муовинони ректор ва дигар устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.

Мувофиқи нақша, тамрини ситодии мудофиаи граждании донишгоҳ дар се марҳила сурат гирифт:

Марҳилаи якум. Хабардоркунӣ ва ҷамъшавии ҳайати шахсии донишгоҳ, бо бонги эълони «Ҷамъшавӣ»,рӯи кор омад.

Ҳамин тавр, рўзи 14 маи соли 2021, соати 06: 00 дақиқа навбатдори нуқтаи идоракунии алоқа ва хабардоркунии донишгоҳ аз Сардори мудофиаи граждании донишгоҳ фармон барои хабардор намудани ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳро гирифт.

Навбатдори нуқтаи алоқа ва хабардоркунӣ дар навбати худ, мувофиқи нақшаи хабардоркунӣ ва алоқа ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳро ба воситаи телефон бо бонги эълони «Ҷамъшавӣ» хабардор намуд.

Кормандони донишгоҳ, ки дар рухсатии асосӣ, сафари хизматӣ ва рухсатии беморӣ буданд, ба тамрини ситодии мудофиаи гражданӣ ҷалб нагаштанд.

Ҷамъшавии барои ҳайати шахсии донишгоҳ, ки дар дохили шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқомат доранд, дар 1 соат ва берун аз шаҳр истиқоматдошта 1 соату 30 дақиқа муқарар карда шуд.

Марҳилаи дуюм. Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳ оид ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти таббиӣ ва техногенӣ (заминҷунбӣ) » бо бонги эълони «Ҷамъшавӣ» кор карда баромада шуд.

Аз соати 07.35 дақиқа то 07. 40 дақиқа аз тарафи сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании донишгоҳ ҳозирғоиби ҳайати шахсӣ гузаронида шуд:

Тафтишот нишон дод, ки ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳ, сардорию фармондеҳӣ ва ҳайати шахсии нерўҳои ғайриҳарбии донишгоҳ мувофиқи рўихат 74- нафар аз он ҷумла; 59- нафар хабардор карда шуда, аз онҳо 53 нафар сари вақт ҳозир гардиданд.

Соати 8.00 ҳайати роҳбарикунанда қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳ сардорию фармондеҳӣ ва ҳайати шахсии нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании донишгоҳ дар толори китобхона ҷамъ карда шуда, аз тарафи сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиии донишгох, фармони сардори мудофиаи граждании донишгоҳ оид ба гузаронидани тамрини ситодӣ расонида шуд.

Ба сардорони фармондеҳӣ нерўҳои ғайриҳарбӣ ва ёварони сардори ситод ўҳдадориҳои вазифавии онҳо аниқ гашта, оид ба иҷрои ин вазифаҳо аз тарафи сардори мудофиаи граждании донишгоҳ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Нақшаи мудофиаи гражданӣ ва нақшаи пешгирӣ ва рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ доштаи донишгоҳ тасҳеҳ гардид. Аз тарафи сардори мудофиаи граждании донишгох вазъияти ба амал омада бо ҳайати роҳбарикунанда қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳ, сардорию фармондеҳӣ, ҳайати шахсии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, ҳайати комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ,эвакуатсионӣ ва устуворгардонӣ расонида шуд.

Ҳадафҳои асосии гузаронидани тамрини ситодӣ ин такмил додани малакаи таҷрибавии ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳ сардорию фармондеҳӣ дар идоракунии ҳайати шахсии нерўҳои ғайрихарбии МГ ҳангоми бартарафкунии оқибати ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Баъди расонидани шарҳи (вазъияти шартӣ) ба ҳайати роҳбарикунанда , қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳ аз тарафи муовини Сардори мудофиаи граждании донишгоҳ , маълумотномаҳои № 1 супорида шуда, баъди вақти муайяншуда ҷавоби маълумотномаҳо ба ситоди роҳбарикунандаи тамрини ситодӣ дохил гардиданд.

Марҳилаи сеюм. Таҳлили тамрини ситодӣ. Тахлили маълумотҳои пешниҳодшудаи ҳайати роҳбарикунанда, сардорию фармондеҳӣ донишгоҳ ва ҷамъбасти тамрини ситодии мудофиаи гражданӣ аз тарафи сардори мудофиаи граждании донишгоҳ гузаронида шуд.

Маълум гардид, ки умуман, ба таври назариявӣ ҳайати роҳбарикунанда, сардорию фармондеҳӣ, ҳайати шахсии қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи донишгоҳ, нерўҳои ғайриҳарбии МГ-и донишгоҳ омодаанд, аз иҷрои вазифаҳои хизматии худ боҳадаф бароянд. Инчунин бояд қайд намуд, ки ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании донишгоҳ низ бо як маъсулияти баланд ҷиҳати иҷрои вазифаҳояшон сари вақт ва дар ҳайати пурра ҷамъ гардиданд.

С. Қазоқов

Search