Истифодаи лавозимоту таҷҳизоти озмоишгоҳи экологияи таҷрибавӣ дар раванди таълиму корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ

Таҳти ҳамин унвон дар лабораторияи экологияи таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки олимону устодони соҳаҳои биологияву кишоварзӣ, илмҳои табиӣ ва магистрҳои донишгоҳ семинарии омӯзишии серӯза оғоз гардид.

Семинар дар доираи лоиҳаи «Татбиқи навоварӣ дар системаи хизматрасонии таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талаботи ҳозиразамони бозори меҳнат» ва ҳадафи баҳрабардорӣ аз таҷҳизоти озмоишгоҳи экологияи таҷрибавӣ дар таълиму корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ рӯи кор омадааст.

Дар рӯзи аввали семинар сессияву маърӯзаҳои ба тариқи зайл ироагардида пешниҳод шуданд:

Сессияи 1.”Моҳият ва афзалиятҳои ташкили лабораторияи биотехнология, афзоиши микроклоналии растаниҳо дар мисоли Чормағзи Юнонӣ”   (баромадкунанда академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, А.С. Фелалиев).

Содатқадамова Т., номзади илмҳои биологӣ ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дар мавзӯи Истифодаи технологияи СГИ - дар корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ (соҳаи  мевапарварӣ)”;

Сессияи 2. Хусравбекова З., мудири кафедраи биологияи умумии донишгоҳ дар мавзӯи  “Усулҳои муайянкунии олудакунандаҳои  муҳит (дар об, ҳаво, моводи ғизоӣ) бо истифодаи миниэкспресс лабороторияи  “Пчёлка Р”

Холдорбеков З., сардори Раёсати таълими донишгоҳ дар мавзӯи Тарзи истифода ва кор бо системаи гидропонӣ дар шароити озмоишгоҳ ва гармхона”.

Search