Ғалаба бар фашизм як сабақи ибратомўзи таърих барои наслҳост

Ба ифтихори 76 –умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки раёсат, устодону кормандон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва донишҷӯён чорабинии идона баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода дар ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки Рўзи Ғалаба барои тамоми инсоният, аз ҷумла тоҷикистониён азизу гиромист. Халқи тоҷик аз озмоиши сангини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар канор намонда, зиёда аз 260 ҳазор ҳамватанони мо, аз ҷумла беш аз 3000 нафар бадахшониён дар корзори ҷанг барои мудофиаи Ватан ҷангида, саҳми босазои хешро гузоштаанд. Зиёда аз 90 ҳазор ҳамдиёронамон аз ҷанги ҷаҳонӣ барнагашта, баҳри озодӣ ва муҳофизати Ватан қарамонона шаҳид гаштанд.

“Ҷашни Ғалаба барои инсоният санаи муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад, зеро фарзандони фарзонаи миллатамон дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо корнамоиву ҷонбозиҳо ва муборизаи фидокоронаву қотеъона якҷо бо халқу миллатҳои сулҳхоҳи сайёра оташи ҷанги даҳшатнокро хомӯшу озодии одамиятро таъмин кардаанд. Рўзи Ғалаба рамзи ватандўстӣ, фидокорӣ, пирўзии адолат бар ҷаҳолат, иттиҳод ва озодихоҳии халкҳост. Иди Ғалаба поси хотири шаҳидони роҳи озодӣ, қадридонии мардон дар набардҳои шадид ва заҳматкашони ақибгоҳ мебошад. Ин як сабақи ибратомўзи таърих барои наслҳои имрўза ва фардост”, - қайд кард, ректори донишгоҳ.

Таъкид гардид, ки қадршиносии пирони рўзгордида, собиқадорони дар корзори меҳнату ҷанг обутоб ёфта, ки дар ободонии Ватан зина ба зина саҳми арзанда гузоштаанд, дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар партави ин сиёсат Раёсати донишгоҳ низ ҳамеша баҳри беҳбудии иҷтимоӣ ва дастгирии пирони рўзгордида кўшиш менамояд.

Сипас як қатор омӯзгорону донишҷӯён, собиқадорони ҷангу меҳнат ва муҳассилин донишгоҳ бо ифтихорномаи ректор ва мукофоти гуногун сарафроз шуда, барномаи рангини консертӣ аз тарафи ҳаваскорону донинҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ пешкаши аҳли толор гашт.

Search