Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд

Зери ҳамин унвон дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба 76 - умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги  Ватанӣ конференсияи илмӣ - амалӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ибтикори факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ гузашта, дар он муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, декани факултет Лола Назархудоева ва устодону дониҷӯёни факултет иштироку баромад намуданд.

Т. Содатқадамова дар ифтитоҳи конференсия қайд намуд, ки Рӯзи Ғалаба низ дар радифи дигар санаҳои фаромӯшнашаванда инсоният мақом дорад. Таҷлили иди Ғалаба бар фашизм агар аз як тараф ҷашни пурифтихор бошад, аз ҷониби дигар инсониятро огоҳ месозад, ки барои таъмини сулҳ дар дар сайёраи замин масъулияти бештаре дошта бошад. 

-Ҷашни ғалаба далели қадршиносӣ ва пос доштани хотири онҳоест, ки барои Ватан ва озодии инсоният ҷонбозӣ намудаанд. Фашизм ҳамчун як ҷаҳонбинии ифротгарою миллатчӣ, ки ба бадбинии миллӣ асос ёфта буд, ҷаҳонро ба гирдоби ҷанги ҷаҳонӣ кашида, тамаддуни инсониятро дар хатар гузошт. Маҳз натиҷаи дӯстии халқҳои озодихоҳ боиси шикасти он гардид. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ вазнинтарин имтиҳони инсоният дар асри гузашта буда, доманаи он ҳудуди 40 давлат, 22 миллион масоҳати заминро фаро гирифта, 70 давлат бевосита дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуданд. Хисороти ҷонӣ дар ин ҷанг 55 миллионро ташкил дод, - иброз намуд Т. Содатқадамова.

 Дар идомаи конференсия қайд гардид, ки Рӯзи Ғалаба барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо тоҷикистониён азиз у гиромӣ аст. Халқи тоҷик низ аз озмоишҳои сангини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар канор намонд, чунки зиёда аз 260 ҳазор ҳамватанонамон, аз ҷумла  зиёда аз 3 ҳазор бадахшониён дар корзори ҷанг барои мудофиаи Ватан ҷангида, саҳми босазои хешро гузоштаанд. Зиёда аз 90 ҳазор ҳамдиёрони мо аз ҷанги ҷаҳонӣ барнагашта, баҳри озодӣ ва муҳофизати Ватан қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Барои шуҷоату мардонагӣ зиёда аз 60 нафар ҳамдиёрони мо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

 Зикр гардид, ки Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, истиқлолу озодихоҳӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастанопазири халқҳои мост. Иди Ғалаба поси хотири шаҳидони роҳи озодӣ, қадрдонии мардон дар набардҳои шадид ва заҳматкашони ақибгоҳ мебошад. Ин як сабақи ибратомӯзи таърих барои наслҳои имрӯза ва фардост. Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, осудагию амонӣ, ваҳдату ягонагӣ, истиқлоли миллӣ  неъмати бебаҳоянд ва мо бояд ҳамеша барои ҳифзашон омода бошем. Онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, зеро ҳеҷ чизи дигар дар баробари ҳаёт, ҷони инсон, озодиву истиқлоли миллӣ арзиши олӣ дошта наметавонад.

Ҳарчанд он рӯзҳои мудҳиш ба саҳифаи дуртари таърих ворид гарданд ҳам, сабақ ва доғи он рӯз аз рӯз аёнтар мегардад. Бинобар ин омӯзиш, дид ва хулосаю баҳои навро талаб менамояд.

Ба ин маънӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон ба аҳамияти омўзиши фаъолияти пурсамар, фидокории фарзандони халқу ватан, сабақҳои таърихӣ ишора намуда, қайд намуданд, ки «Фарзанди халқу миллате, ки гузаштаашро фаромўш кардааст ва хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ аз ғояти кўтоҳандешӣ ояандаашро низ инкор мекунад».

 Қадршиносии пирони рӯзгордида, собиқадорони дар корзори меҳнату ҷанг обу тоб ёфта, ки дар ободонии Ватан зина ба зина саҳми арзанда гузоштаанд, дар маркази сиёсати ҳифзи иҷтимоии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар партави ин сиёсат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ ҳамеша баҳри беҳбудии иҷтимоӣ ва дастгирии пирони рӯзгордида кӯшиш менамояд.

Бо мақсади омӯзиши сабақҳои таърихи ҷанги ҷаҳонӣ, тарбияи ватандӯстӣ, гиромидошти хотираи шаҳидон ва собиқадорони ҷангу меҳнат раёсати донишгоҳ тасмим гирифт, ки чорабинии сиёси фарҳангиро бахшида ба рўзи ғалаба бар фашизм   таҳти мавзӯи  «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нахоҳад шуд» ташкил намояд.

Мавриди зикр аст, башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсўз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рўи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд.

Дар конференсия инчунин, Дилдоров Г., ассистенти кафедраи таърихи умумӣ Саидраҳмонов Н., ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик, Лашкарбекова Рисола, донишҷӯи курси чоруми шуъбаи таърих, Давлатшоева Л., донишҷӯи курси чорум шуъбаи таърих баромад намуда, маърӯзаҳои “Муҳорибаи Сталинград”,“Саҳми фристодагони тоҷикстон  дар  ҶБВ”,“Муносибатҳои байналхалқӣ дар арафаи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар он” ва “Тақсимоти баъдиҷангии ҷаҳон ва мавқеи Иттиҳоди Шӯравӣ дар он” – ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Насим Саидраҳмон, ёвари ректори ДДХ

Search